Дар шаҳри Ҳисор иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) Раҷаб Исмонов дар синни 100-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора дар сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар дода мешавад.
Раҷаб Исмонов 5 октябри соли 1926 дар деҳаи Ҳаёти Нави ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Соли 1944 дар синни 18-солагӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) даъват мешавад ва дар набардҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон иштирок мекунад.
Ӯ дар набардҳои барои аз фашистон озод кардани Украина ва Лаҳистон (Полша) ҷангида, Рӯзи ғалабаро дар Берлин пешвоз гирифтааст.
Пас аз ба охир расидани ҷанг Исмонов ба ватан баргашта, то ба нафақа баромадан муддати 25 сол дар хоҷагии “50-солагии Октябр” дар Ҳисор ба ҳайси бригадир машғули кор буд.
Барои хидматҳояш бо ордену медалҳо, мкофотҳои давлатӣ ва ифтихономаҳо сарфароз гардонида шудааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Ҳисор, Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат, инчнуин дигар ташкилотҳо ба пайвандону наздикони марҳум изҳори ҳамдардӣ карданд.
Тибқи маълумоти Asia-Plus, то 21 апрели соли 2026 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 10 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанаии солҳои 1941-1945 боқӣ мондаанд. Пас аз марги Исмонов теъдоди онҳо то 9 нафар кам шуд.
Дар шаҳри Душанбе як нафар собиқадор Бозор Нағзибеков ва дар вилояти Суғд ду нафар собиқадорон – Нозим Носиров ва Бибола Рӯзиматов иқомат доранд.
Дар вилояти Хатлон шаш нафар собиқадорон зиндагӣ мекунанд: Сафаралӣ Файзалиев, Машраб Давлатов, Гулмурод Тағоев, Мирзо Ғафуров, Ҳабиб Сафаров (ноҳияи Бохтар) ва Яҳё Мирзоев (Кӯлоб).
То моҳи майи соли гузашта теъдоди собиқадорон 17 нафар буд.




