Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

asia+

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ба муносибати 30-солагии фаъолияти худ аз номи вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир табрикнома дарёфт кард. Ӯ дар ин таҳнияташ гуфтааст, ки “Азия-Плюс” дар тӯли солҳои фаъолияташ худро ҳамчун яке аз нашрияҳои бонуфуз ва серхонандатарин дар Тоҷикистон муаррифӣ кардааст.

“Дар тӯли се даҳсола “Азия-Плюс” роҳи пуршараферо аз як нашрияи хурди чопӣ то як медиахолдинги бонуфузи бисёрплатформавӣ, ки берун аз марзҳои кишварамон низ маъруф аст, тай кард”, – навиштааст вазири тоҷик.

Шералӣ Кабир таъкид кардааст, ки “имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ, оинаи даврон ва манбаи боэътимоди иттилоот барои миллионҳо хонанда дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он мебошад”.

Вазорати саноат ва технологияҳои нав саҳми идораи нашрияро дар инъикоси масъалаҳои рушди технологӣ, рақамисозӣ ва рушди саноати кишвар баланд арзёбӣ кардааст: “Журналистикаи воқеъбин ва касбии шумо ба ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ ва тарғиби навовариҳо дар байни омма мусоидат мекунад”.

Ӯ дар табрикномааш “ба тамоми ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳо саломатии бардам, илҳоми эҷодӣ, зафарҳои нави касбӣ” таманно карда, таъкид доштааст, ки “бигзор “Азия-Плюс” минбаъд низ ҳамчун пули боэътимод миёни давлат ва ҷомеа, миёни гузашта ва ояндаи Тоҷикистони бузурги мо боқӣ монад”.

Ёдовар мешавем, ки 2-юми апрел соли 1996 аввалин варақаи иттилоотӣ – таҳлилии “Азия-Плюс” ба наш расид. Нашри ин варақаи иттилоотӣ таҳлилӣ, ба ташаккули Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” оғоз бахшид.

Он имрӯз ҳафтанома, радио ва оҷонсии иттилоотиро муттаҳид мекунад ва барои миллионҳо мухотаби худ бо се забон – забони давлатӣ, яъне тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мӯҳтавои босифат ва боэътимод таҳияву пешниҳод менамояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.