Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 апрели соли 2026

Имрӯз Рӯзи байналмилалии рақс аст.

Asia+

ЯК РӮЗ ДАР ТАЪРИХ

Соли 1992 – Байни Тоҷикистон ва Белгия муносибатҳои дипломатӣ барқарор шуд.

Соли 2010 – Дар Тоҷикистон аввалин Бюрои қарзӣ ба фаъолият оғоз кард.

Соли 2014 – Дар Тоҷикистон Шӯрои миллии аҳолӣ ва рушди демографӣ таъсис ёфт.

Соли 2020 – Парлумони Тоҷикистон ба Қонун “Дар бораи бақайдгирии давлатии ҳолатҳои шаҳрвандӣ” тағйирот ворид кард, ки тибқи он истифодаи пасванди славянии “-ов”, “-ова”, “-ев”, “-ева” барои насаб ва “-ович”, “-овна”, “-евич”, “-евна” барои насаб ва номи падар манъ карда шуд.

Соли 2020 – Дар Тоҷикистон талаботи ҳатмии маҳдудияти синнусолӣ барои намоиши филмҳо ҷорӣ карда шуд.

Соли 2021 – Дар ҷараёни низоъҳои мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, шаҳрдори Исфара захмӣ ва дар бемористон ҷарроҳӣ шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1882 – Мавлуди Бобохалили Одина, Ҳофизи халқии Тоҷикистони шӯравӣ.

Бобохалил Одинаев пеш аз инқилоби октябри соли 1917 ҳамчун ҳофиз шинохта шуда буд. Баъди Инқилоби Октябр дар дастаҳои касбии санъат ҳунарнамоӣ доштааст. Асоси таронаҳояшро сурудҳои халқӣ, лирикаи ишқӣ ва панду ҳикмат ташкил медиҳанд.

“Ҷонони ман”, “Дилбар маро накушад”, “Тоҷикистон” аз қабили таронаҳои маъруфи ӯянд. Бобохалил Одинаев иштирокчии даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Маскав буд.

Соли 1917 – Зодрӯзи Сура Баҳор, раққоса ва ҳунарманди балет.

Соли 1967 – Зодрӯзи Муҳаммадтоир Саидзода, роҳбари Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи байналмилалии рақс аст. Ин ҷашн, ки ба ҳамаи намудҳои санъати рақс бахшида шудааст, аз соли 1982 бо ташаббуси Шӯрои байналмилалии рақси ЮНЕСКО дар рӯзи таваллуди Жан-Жорж Новерр — ислоҳотгар ва назарияпардози санъати рақс ва “падари балети муосир” таҷлил мегардад.

Ҳадафи асосии ин ҷашн муттаҳид сохтани ҳамаи равияҳои санъати раққосӣ ва арҷгузорӣ ба он ҳамчун воситаи муоширати бидуни марзи сиёсӣ, фарҳангӣ ва қавмӣ аст, ки одамонро дар роҳи дӯстӣ ва сулҳ муттаҳид мекунад.

29 апрели соли 1897 Ҷозеф Томсон, физикдони англис дар бораи кашфи электрони аввалин бор хабар дод.

Электрон нахустин зарраи элементарӣ мебошад, ки ҳам камтарин масса ва ҳам хурдтарин заряди барқиро дорад. Томсон на танҳо электронро кашф кард, балки заряди онро муайян намуд ва таносуби заряди электрон ба массаашро чен кард. Ӯ инчунин назарияи ҳаракати электрони дар майдонҳои магнитӣ ва барқиро таҳия намуд.

Барои ин кашфиёташ соли 1906 Ҷозеф Томсон ҷоизаи Нобелро дар бахши физика соҳиб шуд.

29 апрели соли 1770 капитан Ҷеймс Кук дар рафти экспедитсияи нахустини худ бо киштии “Индевор” дар соҳили шарқии Австралия дар як бандар фуруд омад.

Ин бандар бо пешниҳоди ботаники маъруф Ҷозеф Бэнкс, ки аз гуногуншаклӣ ва ғанигии набототи соҳил ҳайратзада шуд, “Ботаникӣ” (Botany Bay) ном гирифт,

Соли 1788 дар масофаи 8 км шимоли Ботани-Бей, шаҳре бунёд ёфт, ки имрӯз ба як мегаполис табдил ёфта, Сидней ном дорад.

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони суст меборад ва эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 25+30º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 15+20º гарм, дар водиҳо шабона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанд, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 26+31º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона  16+21º гарм, дар водиҳо шабона 15+20º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 9+14º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо рӯзона бебориш дар назар аст ва дар  ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо  рӯзона 22+27º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 17+22º гарм, дар водиҳо шабона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр барф) меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 17+22º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 25+27º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 3+8º гарм, дар ғарби вилоят шабона 7+12º гарм, дар шарқи вилоят шабона -4+1º.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, рӯзона бебориш дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 25+27º гарм, шабона 15+17º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 28+30º гарм, шабона 15+17º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 28+30º гарм, шабона 18+20º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, бориши сусти борон дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 20+22º гарм, шабона 9+11º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 29 ба 30-юми апрел ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.