Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Наим Халимов

Имрӯз, 30 апрел ва пагоҳ, 1 май ба далели боришот дар минтақаҳои доманакӯҳиву кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва бархе ноҳияҳои вилояти Хатлон омадани сел аз эҳтимол дур нест.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, рӯзҳои 1 ва 2-юми май дар шаҳру ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе, инчунин, рӯзҳои 2 ва 3-юми май дар минтақаҳои шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хокбориш рух дода, аз гарду ғубор ҳаво олуда мешавад. Оҷонсӣ гуфтааст, ки хокбориш аз минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва шимолу ғарбӣ ба кишвар ворид хоҳад шуд.

Баландшавии сатҳи ифлосшавии ҳавои атмосфера аз заррачаҳои ғубори РМ-10 ва РМ-2,5 пешгӯӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки моҳи май дар Тоҷикистон обуҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Дар водиҳо ҳарорат шабона 15-22 ва рӯзона 27-38 дараҷа гарм мешавад. Дар баъзе ноҳияҳои ҷануб рӯзҳои ҷудогона ҳарорат метавонад то ба 40-42 дараҷа гармӣ расад. Дар доманакӯҳҳо ҳарорат шабона 11-19 ва рӯзона 20-33 дараҷа гарм мешавад.

Миқдори боришот дар баъзе ноҳияҳо аз меъёр поинтар пешбинӣ мешавад: дар водиҳои ноҳияҳои тобеи марказ (меъёр 54-73 мм), вилояти Хатлон (14-58 мм) ва ноҳияҳои доманакӯҳ (98-135 мм).

Ҳамчунин зикр мебояд кард, ки давоми моҳ ҳавои абрноки тағйирёбанда, баъзан боридани борон бо раъду барқу жола ва тӯфони чангу ғубор пешгӯӣ шудааст. Пурқувват шудани суръати вазидани шамол аз самти ғарб то 17-22 м/с аз эҳтимол дур нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.