Афзоиши қарздорӣ аз андоз, коҳиши сармоягузории хориҷӣ ва норасоии табибон. Дар маҷлиси ҳукумат чӣ масъалаҳо баррасӣ шуданд?

Эмомалӣ Раҳмон аз кори баъзе ниҳодҳо эрод гирифтааст.

Шаҳноз Ализода, asia+

Дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон, ки дар он натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар семоҳаи аввали соли 2026 баррасӣ шуд, аз кори чанд бахш, аз ҷумла, афзоиши қарздорӣ аз ҳисоби андоз, коҳиши ҷалби сармоягузорӣ аз хориҷа, вобастагӣ ба воридот ва кам шудани содирот, инчунин  кашолкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳо нигаронӣ шудааст.

Тибқи иттилои расмӣ, дар маҷлиси ҳукумат, ки дирӯз, 29-уми апрел таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон баргузор шуд, натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар моҳҳои январ-марти соли 2026 баррасӣ шудааст.

Нахуст, раисҷумҳур натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро дар ин давра таҳлил карда, ба масъулини сохторҳои давлатӣ вазифаҳои мушаххас додааст.

Аз ҷумла, Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи сиёсии ҷаҳон, маҳдудиятҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ба кишварҳо ва оқибатҳои тағйирёбии иқлим, таъмини суботи иқтисодӣ, ҳифзи бозори дохилӣ ва коҳиши таъсири омилҳои берунӣ таъкид кардааст.

“Таъкид гардид, ки бо вуҷуди таъсири омилҳои берунӣ, дар семоҳаи якуми соли 2026 рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин гардид. Ин нишондиҳанда асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 14%, кишоварзӣ 8%, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 34%, хидматрасонии пулакӣ 8,5% ва гардиши савдо 22% ба даст омадааст”,-навиштааст манбаъ.

Аз маҷлиси ҳукумат, Акс аз дафтари матбуоти раисҷумҳур

Тибқи иттилои расмӣ, дар ин давра ҳаҷми боркашонӣ 14% ва мусофирбарӣ 11% афзуда, сатҳи таваррум 1,2%-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум паст будааст.

Дар пайи ин Эмомалӣ Раҳмон истифодаи сарфакоронаи захираҳо, таъмини амнияти озуқаворию энергетикӣ ва рушди истеҳсолоти рақобатнокро зарур ҳисобидааст.

Гардиши савдои хориҷӣ

Тибқи иттилои расмӣ дар се моҳи аввали имсол гардиши савдои хориҷӣ ба 2 миллиарду 676 миллион доллар расида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 12,8% зиёд шудааст. Дар ҳамин ҳол тавозуни савдо манфӣ боқӣ монда, ҳаҷми он ба 1 миллиарду 648 миллион доллар баробар шудааст.

Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Оҷонсии содирот ва дигар сохторҳои марбута уҳдадор шудаанд афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти коркардшударо таъмин ва вобастагии бозори дохилиро аз воридот коҳиш дода, истеҳсоли маҳсулоти рақобатноки ватаниро зиёд кунанд.

Дар маҷлис ба роҳбарони сохторҳои давлатӣ дастур дода шудааст, то истифодаи самараноку сарфакоронаи захираҳоро таъмин ва рушди истеҳсолоти рақобатноки ватаниро вусъат дода, вобастагӣ аз воридотро коҳиш диҳанд.

“Камбудиҳои ҷиддӣ ҷой доранд”

Эмомалӣ Раҳмон иҷрои қисми даромади буҷаи давлатиро дар ин давра мусбат арзёбӣ карда, гуфтааст, ки нақшаи даромад дар сатҳи 108,3% таъмин гардидааст. Ба гуфтаи ӯ ба буҷа беш аз 16,7 миллиард сомонӣ ворид шудааст, аз ҷумла аз ҳисоби мақомоти андоз 119,4% ва Хадамоти гумрук 102,9%.

“Аммо таҳлил нишон медиҳад, ки дар паси ин нишондиҳандаҳои умумӣ камбудиҳои ҷиддӣ ҷой доранд. Яке аз масъалаҳои нигаронкунанда афзоиши бақияпулиҳои андоз мебошад”, – таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон.

Аз маҷлиси ҳукумат, Акс аз дафтари матбуоти раисҷумҳур

Дар пайи ин, раиҷумҳур ба Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук супориш додааст, ки якҷо бо ҳукуматҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои пурра ва босифати қисми даромади баҷаи давлатиро таъмин карда, бақияпулиҳои андозро коҳиш дода пеши роҳи афзоиши онро гиранд.

Вазорати молия вазифадор шудааст, то уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла пардохти пурраи музди кор, нафақа ва дигар кӯмакпулиҳоро таъмин ва маблағгузории соҳаҳоро қатъӣ назорат кунад.

“Натиҷаи сустии идоракунӣ ва назорати нокифоя аст”

Манбаъ навиштааст, ки айни ҳол дар Тоҷикистон 87 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 51,6 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, вале раисҷумҳур гуфтааст, ки раванди татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда ба талабот ҷавобгӯ нест.

Эмомалӣ Раҳмон ба қафомонӣ дар татбиқи лоиҳаҳои марбут ба рушди инфрасохтори энергетикӣ, беҳдошти замин ва обёрӣ, соҳаи маориф ишора карда, гуфтааст, ки ин “натиҷаи сустии идоракунӣ ва назорати нокифоя аст”.

Ӯ ба сохторҳои масъул супориш додааст, ки татбиқи саривақтии лоиҳаҳои сармоягузории давлатиро таъмин карда, иҷрои нақшаҳои молиявиро назорат намуда, камбудиҳоро фавран бартараф ва “ба кашолкорию истифодаи ғайрисамараноки маблағҳо роҳ надиҳанд”.

Эмомалӣ Раҳмон дар мақлиси ҳукумат, Акс аз дафтари матбуоти раисҷумҳур

Коҳиши ҷалби сармояи хориҷӣ

Масъалаи дигаре, ки дар маҷлиси ҳукумат аз он нигаронӣ кардаанд, коҳиши ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ будааст. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ уҳдадор шудааст, то сабабҳои коҳиши ҷалби сармояи мустақими хориҷиро таҳлил карда, дар муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳоро пешниҳод ва иҷрои минбаъдаи онро таъмин кунад.

Инчунин Бонки миллӣ якҷо бо ташкилотҳои қарзӣ вазифадор шудаанд то барои нигоҳ доштани устувории пули миллӣ ва коҳиш додани фишорҳои нархи арз (қурби асъор) чора андешанд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили вазъи соҳаи саноат ба масъулон супориш додааст, ки сабабҳои коҳиши истихроҷро баррасӣ карда, коркарди пурраи маъданҳо ва истеҳсоли маҳсулотро дар дохили кишвар ба роҳ монда, корхоназои бозмондаро фаъол кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар пайи таҳлили вазъи соҳаи маориф масъулинро барои ислоҳи камбудиҳо дар ин бахш, аз ҷумла сифати таҳсилот ва мутобиқ кардани он ба талаботи бозори меҳнат баланд бардошта, якҷо бо ҳукуматҳои маҳаллӣ фарогирии кӯдаконро ба кӯдакистонҳо зиёд кунанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ уҳдадор шудааст, ки норасоии кадриро дар соҳа коҳиш дода, хатмкунандагони бахши тиббиро махсусан дар шаҳру ноҳияҳо ва деҳот фиристанд ва соҳаи дорусозиро рушд бахшида, вобастагӣ аз воридотро коҳиш диҳанд. Инчунин, назорати сифати доруворӣ ва молҳои тиббиро пурзӯр кунанд.

Бояд гуфт ахиран дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон омодагии кишвар ба мавсими тирамоҳу зимистони соли 2026-2027 баррасӣ шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.