Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.

Asia-Plus

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз соати 14:00 дар толори калони Иттифоқи нависандагон ба муносибати 115-солагии Мирзо Турсунзода, Шоири халқии Тоҷикистон маҳфили адабӣ баргузор мешавад. Дар маҳфил иштироки аҳли адаб ва ҳунармандон дар назар буда, ҳозиринро суханрониҳои вижа ва сурудҳои марғуб интизор аст. Вуруд ва иштирок озод аст.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1947 – Дар шаҳри Душанбе Осорхонаи санъати тасвирии Тоҷикистони Шӯравӣ ифтитоҳ гардид. Соли 1959 осорхона ба Осорхонаи таърих ва кишваршиносӣ якҷо карда шуда, сипас, 27 ноябри соли 199 ба он мақоми Осорхонаи миллӣ дода шуд.

Соли 2007 – Дар назди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия мактаби тоҷикӣ-русӣ ифтитоҳ гардид.

Соли 2010 – Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ширкати “Innovative Road Solutions” (IRS)-ро ба ҷамъоварии ғайриқонунии маблағ барои истифодаи роҳи Душанбе-Чаноқ муттаҳам кард. Гуфта мешуд, ки шартномаи идоракунии роҳ бе озмун ба ин ширкат дода шудааст. 

Соли 2011 – Додгоҳи олии Тоҷикистон 9 нафарро, ки соли 2010 аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) фирор карда буданд, ба муддатҳои гуногуни зиндон маҳкум кард. 

Соли 2016 – Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бинои нави “Хонаи афсарон”-ро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ кард.  Ин бино бо дастгирии молиявии Чин, бо маблағи зиёда аз 15 миллион доллари ИМА, сохта шудааст. 

Соли 2020 – Дар заминаи авҷи пандемияи COVID-19, Президенти Тоҷикистон Насим Олимзодаро аз вазифаи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сабукдӯш кард. Ба ҷойи ӯ Ҷамолиддин Абдуллозода, ки қаблан директори беморхонаи “Истиқлол” буд, таъин гардид. 

Соли 2021 – Пас аз муноқишаҳои марзӣ Тоҷикистон ва Қирғизистон мувофиқа карданд, ки роҳи алоҳидае ба ҷамоати Ворух сохта шавад. Ин роҳ аз деҳаи Хоҷа Аъло то Ворух, бо убури шарқии деҳаи Қапчиғайи Қирғизистон тӯл мекашад. 

Соли 2021 – Федератсияи байналмилалии текбол (FITEQ) эълон кард, ки Тоҷикистон расман ба ин федератсия ҳамроҳ шудааст. 

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1905 – Зодрӯзи Саидсултон Саидмуродов, ҳунарманд, коргардон ва драманависи тоҷик.

Соли 1906 – Мавлуди Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов, забоншиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор.

Соли 1906 – Зодрӯзи Анатолий Гурский, ботаник ва асосгузори Боғи ботаникии “Помир”.

Соли 1918 – Мавлуди Амон Ҳамдамов, композитор ва дирижёр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони Шӯравӣ.

Соли 1912 – Мавлуди Мирсаид Миршакар, Шоири халқии Тоҷикистон.

Мисаид Миршакар аз шоирони тавонои асри ХХ, аз ҳамсафон ва ҳамнафасони устод Мирзо Турсунзода буд. Аз ҷумлаи шоиронест, ки шеъру достонҳояш миёни хонандагон маҳбубияти хос доранд.

Соли 1930 мактаби марказии ҳизбиро хатм кардаву муддате дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” кор кардааст. Муддати дигар муҳаррири рӯзномаи “Зарбдори сохтмони Вахш” будааст.

 Аз соли 1937 котиби масъули рӯзномаи “Васияти Ленин”, аз соли 1940 то 1943 котиби масъули Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, солҳои 1946-1959 котиби масъули Иттифоқи нависандагон ва ҷонишини мудири шуъбаи таблиғоти Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон будааст.

Барои достонҳояш “Қишлоқи тиллоӣ” ва “Панҷи ноором” соли 1950 ба дарёфти ҷоизаи Сталин ноил шудааст.

Мирсаид Миршакар якуми августи соли 1993 дар шаҳри Душанбе дида аз олам барбаст.

Соли 1924 – Зодрӯзи Болта Ортиқов, нависандаи тоҷик.

Болта Ортиқов яке аз чеҳраҳои адабиёти кӯдакон дар Тоҷикистон аст. Ӯ пас аз хатми факултаи филологияи Донишкадаи омӯзгории Самарқанд муддате дар мактабҳои ноҳияи Кофарниҳон дарс дода, сипас ба фаъолияти журналистӣ рӯ овардааст. Вай дар нашрияҳои “Пионери Тоҷикистон” ва “Маориф ва маданият” кор карда, дар ташаккули матбуоти кӯдакон саҳм гузоштааст.

Эҷодиёти Ортиқов аз ибтидо ба насли наврас бахшида шуда, аз соли 1953 мунтазам ба табъ мерасид. Маҷмӯаҳои ӯ аз “Овози ҷавонон” то “Ҳандалак” ва қиссаҳои маъруфе чун “Таътил”, “Полвон”, “Гули садбарг”, “Бачаҳои Лолазор” ва “Дастони Самарқанд” ба завқи кӯдакон созгор нигошта шудаанд. Солҳои охир дар Самарқанд зиндагӣ карда, то рӯзҳои охири умр ба эҷод машғул буд.

Соли 1932 – Зодрӯзи Мавҷуда Ҳакимова, шоир ва нависандаи тоҷик.

Мавҷуда Ҳакимова факултети таъриху филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуда, дар рӯзномаи “Пионери Тоҷикистон”, моҳномаи “Машъал”, рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон”, “Пионери Тоҷикистон”, “Занони Тоҷикистон” кор кардааст.

Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии “Суруди саҳар”, “Илҳом”, “Мошини мошинсавор”, “Ба сӯйи нур”, “Набзи роҳ”, “Тӯйи баҳор”, “Диёри муҳаббат” мебошад. Маҷмӯаҳои ашъори ӯ – “Мошин дар мошин”, “Қатраи Офтоб”, “Дастони моҳир”, “Баҳори шукуфон”, “Шаршара” барои бачагон офарида шудаанд.

Намоишномаҳои “Зистан мехоҳам”, “Сояи гуноҳ”, “Интизорӣ”, “Зафар”, “Ҳабиба”, “Дунёи равшан”, “Лолаҳои сафед” ва “Афсонаи солинавӣ” ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Соли 1932 – Додхудо Карамшоев, доктори илмҳои филологӣ, профессор.

Соли 1938 – Мавлуди Рустами Абдураҳим, навозанда ва оҳангсози тоҷик.

Соли 1948 – Мавлуди Зокир Вазиров, муовини пешини сарвазир ва собиқ сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон.

Зокир Вазиров зодаи ноҳияи Тавилдара буда, хатмкардаи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, доктори улуми фалсафа ва мутахассиси соҳаи фалсафаи иҷтимоии Ислом ва иқтисод буд.

Ӯ фаъолияти худро аз муаллими мактаби миёна оғоз карда, то ба мансаби вазири маориф расид. Соли 1992 ба ин мақом омад ва баъди як сол мудири кафедраи фалсафаи Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон таъин шуд. Соли 1997 пас аз имзои Созишномаи сулҳ муовини сарвазир буд.

Солҳои 2001-2004 ректори Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмат, соли баъдӣ вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ буд ва солҳои 2006-2008 ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмати Тоҷикистон буд. Аз соли 2008 то рӯзи маргаш – 2-юми сентябри соли 2012 сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон буд.

Ӯ мутахассиси соҳаи фалсафаи иҷтимоии ислом ва иқтисод ва муаллифи беш аз 200 асару мақолаи илмӣ аст. Дар таълифоташ масъалаҳои иҷтимоӣ-сиёсии фалсафаи калом, таълимоти иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ахлоқии Муҳаммад Ғаззолиро мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор додааст.

Соли 1949 – Зодрӯзи Зафар Мирзоён, таърихшинос ва шарқшиноси тоҷик.

Зафар Мирзоён аз шоҳномашиносони маъруфи кишвар дониста мешавад. Ӯ беш аз 10 сол дар шаҳри Кӯлоб бо таъсиси маҳфили “Шоҳномахонӣ”, онро сарварӣ кардааст.

Солҳои гуногун дар вазифаҳои мудири шуъбаи идеологии кумитаи партиявии ноҳияи Ховалинг, раиси ҶДММ “Митра”, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб фаъолияти назаррас дошт.

Инчунин, дар кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба донишҷӯён оид ба “Баёни андеша ба забони тоҷикӣ”, “Усули нақднигорӣ дар журналистикаи муосир” дарс гуфтааст.

Китобҳояш бо номҳои “Ҷашни Наврӯз – омили худогоҳии миллии тоҷикон”, “Ниёиши некон ва покон”, “Худовандагори сухани порсӣ” ва “Се шикасти ориёиҳо” таълифу нашр шуда, ба дасти хонандагон ва дӯстдорони илму адабу каломи бадеъ расидаанд.

Ӯ 7-уми июни соли 2023 дар 74-солагӣ даргузашт.

Соли 1951 – Мавлуди Валиҷон Акбарӣ, шоири тоҷик.

Соли 1957 – Мавлуди Матлуб Халифаев, собиқ раиси Кумитаи давлатии сохтмон ва меъморӣ.

Соли 1960 – Зодрӯзи Рустами Ваҳҳоб, Шоири халқии Тоҷикистон.

Рустами Ваҳҳоб донишманд, муҳаққиқ ва фарҳангшиноси тоҷик аст, ки бештар бо корҳои илмӣ ва таҳқиқотии худ дар соҳаи забон, адабиёт ва фарҳанги миллӣ шинохта мешавад. Ӯ дар пажӯҳиши масъалаҳои ҳувияти миллӣ, таърихи фарҳанг ва забони тоҷикӣ саҳми назаррас гузошта, бо мақолаҳо ва суханрониҳои худ дар расонаҳо низ фаъол аст.

Рустами Ваҳҳоб хатмкардаи бахши филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, фаъолияти кориашро ҳамчун муаллим ва ҳамзамон рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” оғоз намуда, минбаъд дар маҷаллаи “Фарҳанг” кор кард. Аз соли 1994 то 2006 дар Донишгоҳи улуми инсонии Бишкек устоди забон ва адабиёти форсӣ буд. Соли 2007 фаъолиятро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз намуд.

Ӯ солҳо котиби масъул ва сипас мудири бахши назм ва нақди адабии маҷаллаи миллии адабии “Садои Шарқ” ва то моҳи ноябри соли гузашта сармуҳаррири ин маҷалла буд. Ӯ ҳоло роҳбари як маҳфили Иттифоқи нависандагон аст.

Муаллифи китобҳои “Калимаҳо”, “Шаҳри хуршед”, “Салом” аст.

Аз соли 2008 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Рустами Ваҳҳоб 28 августи соли 2020 бо унвони Шоири халқии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.

Соли 1962 – Мавлуди Зариф Ализода, ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – намояндаи ваколатдори президент дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зариф Ализода яке аз ҳуқуқшиносони муваффақи Тоҷикистон дониста мешавад, ки дар вазифаҳои калидӣ дар ҳукумати Тоҷикистон ифои вазифа кардааст.

Ӯ аввалин ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мебошад.

Ализода солҳои 1990-1993 раиси Кумитаи назорати конститутсионии Тоҷикистон ва баъдан, ду сол – 1993—1995 муовини раиси Додгоҳи конститутсионии Тоҷикистон (1995—2000) буд.

Вай ҳамзамон, дар солҳои 1997-2000-ум узви Комиссияи оштии миллӣ ва як муддат вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000—2001) буд.

Баъди ин, ба Раёсати хидмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси сардор рафт ва солҳои 2003-2006 раиси Додгоҳи конститутсионии Тоҷикистон буд.

Солҳои 2006-2009 мушовири давлатии Президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ — Намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Бо ташкил шудани сохтори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Омбудсмен) ӯ ба курсии он такя зад ва 10 сол – то 2019 дар ин мақом кор кард.

Аз соли 2019 то ҳол ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – намояндаи ваколатдори президент дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Соли 1964 – Зодрӯзи Ҳафиз Раҳмон, номзади илмҳои филология ва аз шахсиятҳои матраҳи ҷомеаи илмии кишвар.

Ҳафиз Раҳмон аз чеҳраҳои шинохтаи ҷомеаи кишвар дониста шуда, бо ибрози андеша ва пешниҳодоташ дар робита ба масъалаҳои мубрами фарҳангӣ, бавижа, китобу китобхонӣ соҳиби иззату эҳтиром аст. Ӯ яке аз адабиётшиносонест, ки дар баробари таълими донишомӯзон дар донишгоҳ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ фаъол аст ва махсусан чанд сол инҷониб, ки довари озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошад, баъди ҳар даври озмун мушоҳида ва мулоҳизаҳояшро пиромуни шеваи баргузории озмун ва камбудҳо иброз мекунад.

Ӯ соли 1986 факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, соли 1997 шуъбаи ғоибонаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 2001-2004 муҳассили маълумоти дуюми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон будааст.

Ҳафиз Раҳмон солҳо дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Як муддат сармуҳаррири ҳафтаномаи «Ба қуллаҳои дониш» – нашрияи расмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ду сол муовини аввали директори Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон буд.

Ҳафиз Раҳмон муаллифи беш аз 400 мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ, дастурҳои таълимӣ ва барномаҳои таълимӣ аз фанни “«”Таърихи адабиёти ҷаҳон”»” аст ва ҳоло дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дарс мегӯяд.

Соли 1975 – Мавлуди Муҳаммадулло Шерализода, раиси пешини ноҳияи Варзоб, вакили ҳозираи парлумон.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

5 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон дар чанд кишвари Аврупо таҷлил мешавад. Он аз соли 1992, дар пайи ташаббуси созмонҳои маъюбон ва ҳомиёни ҳуқуқ дар 17 кишвари аврупоӣ оғоз ёфт, ки бо шиори “Ҳуқуқҳои баробар барои ҳама” баргузор шуд. Мақсади ин рӯз баланд бардоштани огоҳии ҷамъият дар бораи ҳуқуқҳои шахсони дорои маълулият ва баробарсозии имкониятҳо мебошад.

5 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии момодояҳо (International Day of the Midwife) таҷлил мешавад. Он бо пешниҳоди Ассотсиатсияи байналмилалии момодояҳо (ICM) дар соли 1987 таъсис ёфтааст. Он аз соли 1992 ба таври васеъ дар кишварҳои гуногун таҷлил мешавад.

Мақсади ин рӯз таъкид бар нақши ҳаётан муҳими момодояҳо дар нигоҳубини модару кӯдак ва беҳбуди хидматрасонии тиббии перинаталӣ мебошад.

Имрӯз дар Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ Рӯзи кӯдакон таҷлил мешавад. Ин рӯз дар Кореяи Ҷанубӣ аввалин бор 5 майи 1923 ҷашн гирифта шудааст. Аз соли 1975 расман ҳамчун рӯзи истироҳат пазируфта шудааст.

5 майи 1949 дар шаҳри Лондон бо имзои Созишномаи Лондон аз ҷониби 10 кишвари аврупоӣ Шӯрои Аврупо (Council of Europe) таъсис ёфт. Ин аввалин созмони байниҳукуматии Аврупо пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ буд, ки ҳадафаш ҳифзи ҳуқуқи инсон, демократия ва волоияти қонун мебошад. Ҳоло 46 кишвари узв дорад ва қароргоҳи он дар шаҳри Страсбург (Фаронса) ҷойгир аст.

5 майи соли 2000 вируси компютерии “I love you” ба таври оммавӣ паҳн шуд. Он тавассути почтаи электронӣ бо мавзӯи “I LOVE YOU” ва замимаи зараровар ба миллионҳо компютер ворид шуд. Тахминан 10 миллиард доллар зарари иқтисодӣ расонид ва дар Китоби рекордҳои Гиннес ҳамчун яке аз хатарноктарин вирусҳои компютерӣ сабт шудааст. Муаллифаш як донишҷӯи филиппинӣ будааст.

Имрӯз Рӯзи ихтирои атри “Chanel №5” аст. 5 майи соли 1921 дар шаҳри Париж Coco Chanel атри маъруфи Chanel №5-ро муаррифӣ намуд. Он нахустин атри сунъии ҷаҳон аст, ки дар таркибаш аз маводи табиӣ ва кимиёвӣ истифода шудааст. То имрӯз он ҳамчун машҳуртарин ва пурфурӯштарин атр дар ҷаҳон шинохта мешавад. 5 рақами дӯстдоштаи Коко Шанел буд ва аз ин рӯ, таърихи нашри атр ҳам ба рӯзи 5 май рост омад.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 25+30º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 13+18º гарм, дар водиҳо шабона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 28+33º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 19+24º гарм, дар водиҳо шабона 14+19º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 8+13º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 24+29º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 18+23º гарм, дар водиҳо шабона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр барф) меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 18+23º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 25+27º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 6+11º гарм, дар ғарби вилоят шабона 6+11º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 13+15º гарм, дар шарқи вилоят шабона -3+2º.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 26+28º гарм, шабона 14+16º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 27+29º гарм, шабона 14+16º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 28+30º гарм, шабона 14+16º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 20+22º гарм, шабона 10+12º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 5 ба 6-уми май ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мунаввар Шоҳгадоев ва Дилшод Назаров то қатли Минҳоҷ Ғуломов

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.