Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мунаввар Шоҳгадоев ва Дилшод Назаров то қатли Минҳоҷ Ғуломов

asia+

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2009 – Дар шаҳри Душанбе филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов таъсис ёфт.

Соли 2009 – Дар натиҷаи садама дар майдони сохтмони НБО-и “Роғун” ду нафар ҳалок шуданд.

Соли 2011 – Дар Душанбе фестивали фарҳангиву маърифатии мусиқии “Бе марз” миёни кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуди ҷисмонӣ ва равонӣ баргузор гардид.

Соли 2011 – Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе қарор қабул кард, ки фаъолияти Бюрои машваратӣ, ташхисҳои забоншиносӣ ва тафтишоти рӯзноманигорӣ, ки муассиси ҳафтаномаи “Пайкон” буд, қатъ намояд. 

Ин қарор дар пайи даъвои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд, ки Бюроро ба нақзи қонунгузорӣ муттаҳам мекард.  Аз ҷумла, иддао мешуд, ки Бюро дар мақомоти андоз сабти ном нашудааст, ҳисоботи солонаи фаъолият пешниҳод накардааст ва бе огоҳии мақомот суроғаи ҳуқуқии худро иваз намудааст. 

Соли 2016 – Ширкати ҳавонавардии “Сомон Эйр” аввалин парвозро дар масири Душанбе – Лоҳур – Душанбе роҳандозӣ намуд.

Соли 2020 – Дар остонаи 75-солагии Ғалаба беш аз 1 миллион сомонӣ аз фонди захиравии Президенти ҷумҳурӣ барои қадрдонии собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷудо карда шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1899 – Мавлуди Мунаввар Шоҳгадоев, арбоби давлатӣ, собиқ раиси Шӯрои Олии Тоҷикистони Шӯравӣ.

Мунаввар Шоҳгадоев арбоби давлатӣ ва сиёсии Тоҷикистон буда, фаъолияти сиёсиву ҷамъияии ӯ аз солҳои аввали таъсиси сохтори нави давлатӣ оғоз ёфт.

Вай соли 1925 ба сафи Ҳизби коммунистӣ пайваста, дар муддати кӯтоҳ  ба вазифаҳои масъулӣ роҳ кушод. Солҳои 1930–1931 ба ҳайси директори мактаб кор карда, баъдан солҳои 1931–1934 чун ваколатдори Комиссияи марказии назоратии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ва Комиссариати нозироти коргару деҳқони ҷумҳурӣ фаъолият намуд. Аз соли 1934 то 1936 роҳбарии Кумитаи иҷроияи ноҳияи Ҳоитро бар дӯш дошт.

Марҳилаи муҳимтарини фаъолияти ӯ бо роҳбарӣ дар сохторҳои олии давлатӣ вобаста аст.

Шоҳгадоев аз октябри соли 1937 то июли 1938 раиси Кумитаи иҷроияи марказии ҶШС Тоҷикистон ва баъдан аз 15 июли 1938 то 29 июли 1950 раиси Президиуми Шӯрои Олии ҷумҳурӣ буд. Соли 1939 ӯ ҳамчун вакили машваратӣ дар Анҷумани XVIII Ҳизби коммунистӣ ширкат варзид ва чанд даъват пайдарпай вакили Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб шуд. Сипас панҷ сол муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон буд.

Мунаввар Шоҳгадоев 28-уми сентябри соли 1974 дар синни 75 даргузашт.

Соли 1940 – Мавлуди Вафо Назаров, рассом, собиқ раиси Академияи мусаввирии Тоҷикистон, Рассоми халқии Тоҷикистон.

Вафо Назаров, ки дар санъати рассомии тоҷик саҳми босазо дорад, хатмкардаи Омӯзишгоҳи рассомии шаҳри Душанбе‎ ва Институти театр, мусиқӣ, кинематография ва телевизиони шаҳри Ленинград аст.

Ӯ солҳои гуногун дар Телевизони “Тоҷикистон” рассом-таҳиягар ва саррассом буд. Соли 1981 раиси раёсати Фонди бадеии Тоҷикистон ва ҷонишини раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон иштихоб шудааст. Ӯ аз соли 1997 ҷонишини раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ва баъд раиси Бунёди рассомони Тоҷикистон буд. Назаров соли 2009 раиси Академияи мусаввирии Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Номбурда 12 январи соли 2024 дар синни 84-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.

Соли 1942 – Мавлуди Зокир Нишонов, композитор, Арбоби ҳунари Тоҷикистон.

Соли 1950 – Зодрӯзи Комил Ёдгор, рассом ва наққоши тоҷик.

Соли 1967 – Мавлуди Равшан Раҷабзода, олим, арбоби давлатии тоҷик, вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Соли 1982 – Зодрӯзи Дилшод Назаров, гурзандози тоҷик, қаҳрамони олимпӣ дар бозиҳои Рио-де-Жанейро.

Дилшод Назаров

Дилшод Назаров хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аст. Ӯ моҳи январи соли 2014 муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон таъин шуд. Дилшод Назаров инчунин раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон аст.

Дар ҷаласаи навбатии Ассамблеяи 44-уми Генералии Шӯрои олимпии Осиё (OCA) Дилшод Назаров ҳамчун раиси Кумитаи варзиши Шӯрои олимпии Осиё ва ҳамзамон аъзои Кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё интихоб гардид.

Дилшод Назаров нахустин қаҳрамони олимпии Тоҷикистон дар бозиҳои Рио-де-Жанейро дар риштаи гурандозӣ аст. Ӯ инчунин барандаи медали нуқраи мусобиқаи қарамонии ҷаҳон дар соли 2015 (Пекин, Чин), ғолиби Бозиҳои осиёии солҳои 2006, 2010 ва 2014, қаҳрамони секаратаи Осиё (2009, 2013, 2015), қаҳрамони дукаратаи Осиё байни наврасон (1999 ва 2001) мебошад.

Соли 1996 – Минҳоҷ Ғуломов, равонпизишк, доктори илми тиб дар 72-солагӣ кушта шуд.

Минҳоҷ Ғуломов яке аз бузургтарин равонпизишкон ва олимони тибби Тоҷикистон буд, ки бо фаъолияти илмӣ, омӯзгорӣ ва саҳмаш дар рушди равонпизишкӣ дар кишвар ва берун аз он ба ёдгор мондааст.

Ӯ соли 1952 факултети муолиҷавии Донишкадаи тиббии Самарқанд ба номи И.П. Павловро хатм карда, солҳои 1952–1954 ординатор дар Институти психиатрияи назди Вазорати тандурустӣ, солҳо 1954–1957  аспиранти Институти умумииттифоқии тадқиқотии илмии психиатрияи умумисудии ба номи В.П. Сербский (Маскав), 1957–1960 роҳбари Маркази ҷумҳуриявии клиникии психиатрия ва аз 1974 то 1996 ноиби ректори ҳамин донишгоҳ буд.

Минҳоҷ Ғуломов беш аз 40 сол Сарравонпизишки Вазорати тандурустии Тоҷикистон буд. Бо ибтикори ӯ дар кишвар нахустин марказҳои реабилитатсионии кӯдаконаи равонпизишкӣ таъсис ёфтанд.

Ӯ аз соли 1986 ҳамчун эксперти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) дар бахшҳои психиатрия ва наркология фаъолият дошт ва ягона намояндаи Осиёи Марказӣ дар ин мақом буд.

Муаллифи 377 асари илмӣ, аз ҷумла 18 монография, 13 кашфиёт, 8 китоби дарсӣ, 48 дастури таълимӣ аст.

6 майи соли 1996 академик Минҳоҷ Ғуломов ҳамроҳи ректори ДДТТ Баширхон Исҳоқӣ дар Душанбе бераҳмона кушта шуд.

Соли 2010 – Зулфиқори Азиз, овозхони саршиноси тоҷик ва яке аз таъсисдиҳандагони гурӯҳи мусиқии “Анис” дар 43-солагӣ аз олам даргузашт.

Зулфиқори Азиз, ки бо бародаронаш дар гурӯҳи овозадори “Анис” (дар ҳайати панҷ бародар) овозхонӣ мекард, дар нимаи дуввуми солҳои 80-ум аз машҳуртарин овозхонони мусиқии попи Тоҷикистон гардид.

Гурӯҳи “Анис” дар соли 1986 таъсис шуд ва панҷ бародар — Достони Азиз роҳбари гурӯҳ ва Қайсиддини Азиз, Вайсиддини Азиз, Абӯбакри Азиз ва Зулфиқори Азиз аъзои ин гурӯҳ буданд.

Зулфиқори Азиз бо аввалин сурудҳояш – “Аз ёдат ман бирафтам”, “Баҳор асту ба тоқи хонаи ман”, “Манижа”, “Модар” ва “Ман нагӯям, ки маро аз қафас озод кунед” ба дили мардуми кишвар роҳ ёфт.

Зулфиқор машҳуртарин сарояндаи хонаводаи Азизовҳо буд. Овозхонони ҷавони мусиқии попи имрӯзи Тоҷикистон Остон Азизов ва Шаҳроми Абубакр низ аз хонаводаи Азизовҳо ҳастанд.

Мавсуф 6 майи соли 2010 дар 40-солагӣ дар шаҳри Душанбе бар асари сактаи қалб даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

6 майи соли 1953 аввалин амалиёти ҷарроҳӣ бо истифодаи дастгоҳи гардиши сунъии хун анҷом дода шуд. Гарчанде идеяи чунин дастгоҳро физиологи фаронсавӣ Жюлиен Легаллуа ҳанӯз соли 1812 пешниҳод карда буд, худи ӯ ҷуръати озмоиш надошт. Соли 1885 духтури австриягӣ Максимиллиан фон Фрей аввалин дастгоҳи такомулёфта барои обогатсияи хуни инсон бо оксигенро сохт. Аммо танҳо баъд аз кашфи гепарин соли 1916, ки аз қатшавии хун ҷилавгирӣ мекард, таҷрибаҳо самара бахшиданд.

6 майи соли 1953 ҷарроҳи амрикоӣ Ҷек Гиббон дастгоҳи пурраи таъмини фаъолияти дил ва шушро ба кор бурд. Бемори 18-сола пас аз 26 дақиқа аз дастгоҳ ҷудо шуда, зинда монд. Ин дастгоҳ ба рушди технологияҳое, ки имрӯз дар тиб васеъ истифода мешаванд, асос гузошт.

6 майи соли 1994 маросими ифтитоҳи нақби нақлиётӣ зери тангии Ла-Манш баргузор гардид, ки Британияи Кабирро бо Фаронса мепайвандад. Тӯли нақб 51 км буда, 38 км-и он зери баҳр мегузарад. Ин сохтмон яке аз дастовардҳои бузурги муҳандисии асри XX ба ҳисоб меравад. Сафар байни Лондон ва Париж ҳоло камтар аз се соат вақтро мегирад.

6 майи 1840 дар Британияи Кабир нахустин тамғаҳои почтавӣ бо номи “Пенсии сиёҳ” нашр шуданд. Баъдтар, Иттиҳоди почтаи ҷаҳонӣ қоидае ҷорӣ намуд, ки номи кишвар бояд бо ҳарфҳои лотинӣ дар тамғаҳо нишон дода шавад. Аммо Британия, ҳамчун аввалин кишваре, ки тамға нашр кардааст, аз ин талаб озод шуд.

Дар ибтидои асри ХХ тамғаҳо дар 310 кишвар мавриди истифода қарор доштанд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 28+33 гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 16+21º гарм, дар водиҳо шабона 15+20º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 30+35º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 22+27º гарм, дар водиҳо шабона 16+21º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 13+18º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 27+32º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 22+27º гарм, дар водиҳо шабона 15+20º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм. 

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 20+25º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 27+29º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 10+15º гарм, дар ғарби вилоят шабона 8+13º гарм, дар шарқи вилоят шабона -3+2º.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 28+30º гарм, шабона 13+15º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 31+33º гарм, шабона 18+20º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 32+34º гарм, шабона 17+19º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 21+23º гарм, шабона 9+11º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 6 ба 7-уми май ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Беҳтарин оғоз: Тоҷикистон дилпурона дастаи Тайиландро мағлуб кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.

Нерӯгоҳи “Роғун” ба таркиби калидиии шарикии нави Тоҷикистон ва БОР табдил меёбад

Муовини якуми сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи БОР дар Самарқанд суханронӣ кард

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.