Як занро дар Исфара барои ба худкушӣ расонидани ҳамсари бародараш 4 сол зиндон кардаанд

Ӯ келини хонаводаро таҳқир ва шаъну шарафашро паст мезадааст.

Шаҳноз Ализода, asia+

Додгоҳи шаҳри Исфара як зани 36-соларо барои ба худкушӣ расонидани ҳамсари бародараш 4 сол равонаи зиндон кардааст. Ин ниҳод аз маҳкумшуда З.Б ном бурда, гуфтааст, ки ӯ сокини ҷамоати Ворух аст ва бо Ш.И, ҳамсари бародараш якҷо зиндагӣ мекард.

Ба гуфтаи манбаъ, маҳкумшуда соли 2025 нисбати келини хонавода “муносибати дағалона нишон дода, ӯро мунтазам таҳқир мекард ва шаъну эътиборашро дар назди дигар аъзои оила паст мезад”.

Додгоҳ гуфтааст, ки Ш.И аз “фишори равонӣ ва муносибати бераҳмона рӯҳафтода шуда”, рӯзи 18-уми ноябри соли гузашта дар манзили зисташ худро ба дор овехтааст.

Мақомот зимни тафтиши телефони марҳум муайян кардаанд, ки ӯ ба шавҳараш аз муносибати бади хоҳараш нисбати ӯ шикоят кардааст.

Маҳкумшуда дар додгоҳ ин иттиҳомро рад карда, худашро бегуноҳ донистааст. Вале дар қарори додгоҳ гуфта мешавад, ки додрас бо такя ба “далелҳои ҷамъовардашуда, нишондоди шоҳидон ва хулосаи баррасии тиббӣ”, ин занро бар асоси моддаи 109 қисми 1-и Кодекси ҷиноӣ (ба худкушӣ расонидан) гунаҳгор дониста, ӯро ба 4-сол зиндон дар маҳбаси низомаш умумӣ маҳкум кардааст.

Ин ҳукм кай содир шудааст, маълум нест. Вале он рӯзи 4-уми май дар сомонаи додгоҳи Исфара нашр шудааст.

Назари пайвандони марҳум дар робита ба ин қазия дастрас нест.

Пештар аз он бошад, як мард дар ҳамин ноҳия бо иттиҳоми ба худкушӣ расонидани ҳамсараш боздошт шуда буд. Гуфта мешуд, ки ӯ мунтазам шаъну шарафи ҳамсарашро паст зада, ӯро “ба фоҳишагӣ ва ҳамхобагӣ бо мардони бегона” айбдор мекард.

Дар Тоҷикистон омори алоҳидаи куштор ё сӯиқасд ба куштори ҳамсарон аз дасти шавҳаронашон нест. Вале Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон дар нишасти матбуотии моҳи феврал соли гузашта гуфта буд, ки соли гузашта 3 ҳазору 246 ҷиноят нисбати занону духтарон содир шудааст. 

Тибқи иттилои ВКД дар кишвар дар шаш моҳи  соли 2025 – 28 ҳолати одамкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷон сабт шудааст. Маълум нест, ки дар ин миён чандто куштори ҳамсарон аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.