Соли гузашта бо кумаки Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар 14 шаҳрванди гумшудаи Тоҷикистон пайдо шудаанд

Имрӯз Рӯзи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар аст.

Мазҳаб Ҷумаев

Соли гузашта Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) ва Ҷамъити Ҳилоли Аҳмар (ҶҲА) аз  хонаводаҳое, ки пайвандонашон бедарак гум шудаанд, 91 дархост қабул гардида, бо кумаки онҳо 14 шаҳрванди Тоҷикистон пайдо шудаанд.

Ба муносибати Рӯзи Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, КБСС гузориши солонаи худро ба “Азия-Плюс” пешниҳод кард, ки дар он аз муҳимтарин корҳо дар самти кӯмак ба сокинони осебпазири кишвар нақл мешавад.

Яке аз самтҳои калидии фаъолияти созмон дар соли гузашта, дастгирии ашхосе будааст, ки аз минтақаҳои ҷангзада ба Ватан бозгардонида шудаанд. Тибқи омор, беш аз 380 зану кӯдак таҳти ҳимояти доимии созмон қарор гирифта, бо кӯмакҳои гуногун, аз ҷумла маводи ғизоӣ ва лавозимоти мактабӣ таъмин шуданд. Соли гузашта, ин ду ниҳод дар бораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар маконҳои ҷангзада мондаанд, 103 хабарнома бо мақомоти давлатӣ фиристодаанд.

КБСС на танҳо кӯмаки моддӣ расонидааст, балки ба 11 хонавода мошинҳои дӯзандагӣ ва дигар ашёи заруриро тақдим кардааст, то онҳо тавонанд мустақилона зиндагии худро пеш баранд.

Дар бахши саломатӣ, созмон ба тавонбахшии ҷисмонии маъюбон таваҷҷуҳи хос зоҳир намудааст. Дар ин муддат беш аз 430 нафар аз хидматрасониҳои марказҳои тавонбахшӣ баҳра бурда, барои ниёзмандон 147 протези нав сохта ва насб карда шуд.

Ҳамзамон, дар самти бехатарӣ, беш аз 30 ҳазор сокини кишвар дар бораи хатари минаҳо ва ҳаракати бехатар дар минтақаҳои марзӣ ба омӯзиш ҷалб шудаанд.

Рӯзи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ҳар сол 8-уми май ҷашн гирифта мешавад. Ин сана ба ифтихори зодрӯзи асосгузори Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) Анри Дюнан муқаррар шудааст. Дар Тоҷикистон низ ин рӯз бо иштироки фаъолони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) таҷлил мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст