Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

Маводи шарикон

Ду дастаи баскетболбози шахсони маъюбиятдоштаи “Ғайрат” ва “Ваҳдат”-и Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболи аробанишин, ки дар шаҳри Анталия баргузор гардид, иштирок карданд. Варзишгарон дар ҷараёни ҷамъомад омӯзишҳои пешрафтаи техникӣ ва тактикӣ гирифта, ҳамзамон бо дастаҳои баскетболи аробанишини Туркия тамринҳои муштарак ва бозиҳои дӯстона анҷом доданд.

Ин барнома барои варзишгарон на танҳо аз ҷиҳати варзишӣ, балки дар самти таҷрибаи байналмилалии даставӣ ва шиносоӣ бо услубҳои гуногуни бозӣ низ имконият фароҳам овард. Ҳамчунин, иштирокчиён мусобиқаҳои баскетболи аробанишинро, ки дар Туркия баргузор мегардид, тамошо карданд.

Аз ТИКА пешниҳод шуд Аз ТИКА пешниҳод шуд Аз ТИКА пешниҳод шуд

Ҳадаф аз баргузории ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Анталия, баланд бардоштани иқтидори техникии варзишгарон, касби таҷрибаи байналмилалӣ ва шиносоӣ бо муҳити варзишии кишварҳои хориҷӣ мебошад. Ин барнома дар оянда ба таҳкими сохтори баскетболи аробачасавор дар Тоҷикистон ва фароҳам овардани замина барои таъсиси дастаи мунтахаби миллӣ мусоидат хоҳад кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.