Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари серӯзаи давлатӣ ба Чин меравад. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии кишвар рӯзи 9-уми май хабар дода, гуфт, ки ин сафар бо даъвати Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин анҷом шуда, аз 11 то 14-уми май давом мекунад.
Ба гуфтаи манбаъ, дар доираи ин сафар дидори Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои чинияш баргузор шуда, дар он ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсат, иқтисоду тиҷорат, саноат, сармоягузорӣ ва башардӯстона мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Ҳамчунин, ба иттилои расмӣ, “ҷонибҳо ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои афзалиятдошта, аз ҷумла энергетика “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ” мубодилаи афкор хоҳанд кард.
“Инчунин, баррасии вазъи минтақа ва таҳкими ҳамкориҳо дар самти мубориза бар зидди таҳдидҳои муосир дар доираи робитаҳо дар созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ аз мавзуъҳои меҳварии музокирот аст”, – илова кардааст ВКХ.
Дар ҷараёни сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Чин чанд санади ҳамкорӣ ҳам имзо мешудааст.
Қабл аз ин сафар, рӯзи 9-уми май, Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат бо рӯзноманигори Агентии иттилоотии “Синхуа”-и Чин мусоҳиба орост.
Ба навиштаим дафтари матбуоти раисҷумҳур, зимни ин мусоҳиба Эмомалӣ Раҳмон ба саволҳои хабарнигор атрофи ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Чин, муколамаи сатҳи олӣ ва баланди ду давлат, дастовардҳои асосии Созмони Ҳамкории Шанхай, робитаҳои Тоҷикистон ва Чин дар чаҳорчуби ин созмон, самараи иқдоми муштараки бунёди “Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим”, вазъи амну субот ва рушд дар минтақаву ҷаҳон, тавсеаи робитаҳои гуманитарии ду кишвар, аз ҷумла дар Марказҳои Конфутсий ва Коргоҳи Лю Бани Чин дар Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ посух додааст.





