Дастаи футболи Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2027 бо тимҳои миллии Ироқ, Австралия ва Сингапур рақобат мекунад.
Қуръакашии ин мусобиқаи қоравӣ чанд шаби гузашта баргузор шуд ва Тоҷикистон ҳамроҳ бо се ҳарифаш дар гурӯҳи “D” қарор гирифт.
Дар Ҷоми Осиё-2027, ки аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, 24 даста ширкат меварзанд. Онҳо дар 6 гурӯҳ (дар ҳар гурӯҳ 4 даста) тақсим шудаанд, ки ду тими зинаҳои аввали гурӯҳҳо ва 4 дастаи беҳтарини ҷойҳои сеюм ба марҳилаи 1/8-ниҳоӣ роҳ меёбанд.

Бояд гуфт, Тоҷикистон чанде пеш дар охирин дидори марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё бо Филиппин мусовӣ карда, барои дуюмин бори дар таърих ба ин мусобиқа роҳхат гирифт.
Бори аввал бошад, чаҳор сол пеш дар Қатар дар Ҷоми Осиё иштирок кард ва то даври чаҳорякниҳоӣ расид.





