Сатҳи воридоти об ба обанбори Норак афзуда, феълан ҳудуди 130 метри мукааб дар як сонияро ташкил медиҳад

Душанбе. 6-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Айни замон мизони об дар обанбори Норак 861 метру 32 сантиметрро ташкил медиҳад. Сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ мегӯяд, сатҳи воридоти об ба обанбори Норак афзуда, феълан ҳудуди 130 метри мукааб дар як сонияро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳафтаи гузашта 20 метри мукааб зиёдтар аст. […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 6-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Айни замон мизони об дар обанбори Норак


861 метру

32 сантиметрро ташкил медиҳад.




Сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ мегӯяд, сатҳи воридоти об ба обанбори Норак афзуда, феълан ҳудуди 130 метри мукааб дар як сонияро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳафтаи гузашта 20 метри мукааб зиёдтар аст. «Хароҷоти об аз обанбор 460 метри мукааб дар як сонияро ташкил медиҳад ва ин дар ҳолест, ки барои бо иқтидори пурра фаъолият намудани нерӯгоҳи Норак сатҳи воридоти об ба он бояд ба 480-500 метри мукааб дар як сония баробар бошад», – гуфт ӯ.



Н.Ёдгорӣ изҳор дошт, бо назардошти вазъи мавҷуда ҳаҷми интиқоли барқ ба ширкати алюминии тоҷик боз ба миқдори 200 ҳазор кВт/соат коҳиш ёфта, айни замон он ба 14,8 млн. кВт/соат баробар шуд.



Мувофиқи маълумоти ширкат, айни замон Тоҷикистон ба хориҷи кишвар нерӯи барқ содирот намекунад.




 

Дар ҳамин ҳол, дар кишвар лимити истифодаи барқ, ки аз 27-уми январи соли равон ҷорӣ гардид, то ҳанӯз амал мекунад. Ба сокинони пойтахт интиқоли нерӯи барқ аз соати 23-и шаб то 5-и субҳ қатъ карда мешавад.




Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.