ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
– Имрӯз соати 18:00 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ба муносибати Рӯзи Шашмақом “Шоми Шашмақом-2026” баргузор мешавад. Дар он ҳунармандони дастаи ҳунарии “Шашмақом”-и Филармонияи давлатӣ ҳунарнамоӣ мекунанд. Арзиши билет барои вуруд 30 сомонӣ аст.

– Имрӯз соати 18:00 дар толори синамои ба номи Тоҳир Собирови “Тоҷикфилм” филми белжикии “Санъати хушбахт будан” бо коргардонии Стефан Либерски намоиш дода мешавад. Филм дар доираи “Рӯзҳои фаронсавизабонон (франкофонӣ)-2026” ба намоиш гузошта мешавад ва вуруд озод аст.
– Имшаб дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври 1/4-ниҳоӣ бо ҳамсолонашон аз Ҷопон майдондорӣ хоҳанд кард. Бозӣ соати 21:00 (ба вақти Душанбе) дар майдони “Шоҳ Абдуллоҳ” (дар Ҷидда)-и Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.
– Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) бо ҳамсолонашон аз Афғонистон дидор хоҳанд кард. Ин рақобат дар варзишгоҳи “Талко арена”-и шаҳри Турсунзода сурат мегирад.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 2009 – Чаҳорумин ва охирин агрегати Нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-1” ба кор шурӯъ кард.
Соли 2016 – Дар варзишгоҳи “Спартак”-и шаҳри Душанбе фестивали рангҳо (ҳоли) баргузор гардид. Пас аз анҷоми чорабинӣ, кормандони пулис як гурӯҳи ҷавонон ва ноболиғонро боздошт карданд.
Ин амалиёт боиси вокуниши шадиди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолони ҳуқуқи инсон шуд. Ҳодиса таваҷҷуҳи васеи расонаҳои дохилӣ ва байналмилалиро ба худ ҷалб намуд. Дертар ҳамаи боздоштшудаҳоро раҳо карданд.
Соли 2016 – Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Давлати Кувайт оид ба ҳамкории амниятӣ ба имзо расид.
Соли 2018 – Пас аз танаффуси 26-сола миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳаракати мунтазами хатсайри автобус барқарор гардид. Аввалин хатсайри автобусӣ дар масири Душанбе – Тирмиз ба фаъолият оғоз кард.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1908 – Зодрӯзи Ҳилол Каримов, забоншиноси тоҷик, профессор.
Соли 1909 – Мавлуди Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони шӯравӣ.
Соли 1910 – Зодрӯзи Боқӣ Раҳимзода, Шоири халқии Тоҷикистон.

Вай техникуми педагогии шаҳри Самарқанд, Дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри Тошканд ва ниҳоят Институти омӯзгории шаҳри Душанберо хатм намудааст. Аввалин шеърҳояш солҳои 30-юм дар саҳифаи рӯзнома ва маҷаллахо чоп мешуданд. Раҳимзода аз соли 1948 то охири ҳаёташ мушовири Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст.
Маҷмӯаи аввалини шоир бо номи “Ба фронт” чоп шуда, баъдан китобҳои “Иди Ғалаба”, “Солҳои оташин”, “Барги сабз”, “Ҳаёт ва сухан”, “Чашма”, “Роҳи тайшуда”, “Илҳом”, дуҷилдаи “Осор”-аш ба табъ расидаанд.
Драмаҳои “Қиссаи Таърифхӯҷаев”, “Дар сояи шипанг”, “Гаҳвораи тило”, ва “Сияҳсувор”-аш дар театрҳои ҷумҳурӣ саҳнагузорӣ шудаанд. Муаллифи либреттои “Духтаре аз Душанбе” аст.
Боқӣ Раҳимзода 30 январи соли 1980 дар синни 70-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 1928 – Мавлуди Камол Айнӣ, ховаршинос, адабиётшинос, фарзанди Садриддин Айнӣ.

Камол Айнӣ фарзанди Садриддин Айнӣ, сардафтари адабиёти муосири тоҷик буда, факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Ленинградро хатм кардааст. Фаъолияташро дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Акадмияи илмҳои Тоҷикистони Шӯравӣ оғоз намуда, баъдан дар бахшу институтҳои дигари Академияи илмҳо фаъолият дошт.
Ӯ муддате директори ганҷинаҳои дастхатҳои Шарқ ба номи академик А. Мирзоев, муовини раиси ҷамъияти “Пайванд” ва солҳои 2002-2010 раиси доимии Бунёди байналмилалии С.Айнӣ буд.
Камол Айнӣ 9 августи соли 2010 дар синни 82-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 1932 – Зодрӯзи Убайд Раҷаб, Шоири халқии Тоҷикистон.

Убайд Раҷаб, ки асосан ба унвони шоири кӯдакон шинохта шудааст, хатмкардаи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ буда, дар рӯзномаҳои “Пионери Тоҷикистон” ва маҷаллаҳои “Машъал” ва “Садои Шарқ” фаъолият намудааст. Ӯ як муддат котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва мушовири ин иттифоқ оид ба адабиёти кӯдакону наврасон буд.
Ӯ муаллифи маҷмӯаҳои шеърии “Орзуҳои ширин”, “Қиссаҳои модаркалон”, “Ҳамсуҳбати ширинзабон”, “Нинӣ чӣ ном дорад?”, “Ману ҷӯраҳои ман”, “Як дона марворид”, “Тӯшае аз ҳар гӯшае”, “Куҷо шуд пинҳон тафси тобистон?”, “Як лаълӣ марҷон” “Олуча гули бодом” аст.
Маҷмӯаҳои ашъори “Пайраҳа”, “Илҳом”, “Нимарӯз”, “Рози обшор”, “Саррез” барои калонсолон офарида шудаанд.
Номбурда 11 августи соли 2004 дар 72-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 1935 – Мавлуди Маҳмадулло Лутфуллоев, донишманди маъруф ва муаллифи китоби “Алифбо”.

Маҳмадулло Лутфуллоев хатмкардаи факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии педагогии Тоҷикистон ба номи Т. Г. Шевченко буда, баъдан ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохтааст.
Солҳои 1978-1984 мушовири вазири таълиму тарбия дар Афғонистон, солҳои 1985-2002 директори Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогӣ буд. Ӯ аввалин президенти Академияи илмҳои педагогии Тоҷикистон буда, аз соли 2002 то 2008 дар ин вазифа буд.
Маҳмадулло Лутфуллоев муаллифи беш аз 290 асари илмию таҳқиқӣ буда, дар таҳияи муҳимтарин ҳуҷҷатҳои давлатии соҳаи маориф саҳм дорад. Инчунин як қатор дастурҳову китобҳои дарсӣ барои хонандагони мактаб ва муҳассилини мактабҳои олӣ таълиф намудааст. Ӯ муаллифи китоби “Алифбо” аст.
Соли 1965 – Мавлуди Аловуддин Абдуллоев, ҳунарпешаи театр ва синамо, ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Аловуддин Абдуллоев бо барномаи “Шӯхиҳои Аловуддин”, ки тӯли 10 соли ахир дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон нашр мешуд, миёни ҷомеаи Тоҷикистон маъруф буд. Ӯ сар аз моҳи сентябри 2019 яке аз доварони шоу-барномаи “Central Asia Got Talant” буд.
Абдуллоев фаъолиятро дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Қурғонтеппа оғоз карда, дар ин ҷо ба унвони ҳунарпеша ва коргардон бомуваффақият кор карду чанд соле ҳам раҳбарии ин театрро ба дӯш дошт.
Аловуддин Абдуллоев дар намоишҳои театрии “Моҷарои имтиҳон”, “Антигона”, “Табиби зӯракӣ”, “Ҳиллаҳои Аҷузкампир”, “Аршин мол-олон”, “Лаку Пак”, “Давлати Сомониён” нақши марказиро бозидааст. Ба ҷуз ин дар филмҳое чун “Братан”, “Падари моҳтобӣ”, “Туҳмат”, “Чоҳ”, “Қиёми рӯз”, “Интихоби ман”, филмҳои телевизионии “Дар орзуи падар”, силсилафилми “Хуррамдиёр” нақшҳои мондагор офаридааст.
Ӯ барои нақшҳои мондагор ва хидматҳои пурарзишаш унвонҳои Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2006) ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро дар соли 2013 ба даст оварда буд.
Аловуддин Абдуллоев 17 феврали соли 2022 дар синни 56-солагӣ аз олам чашм баст.
Соли 2022 дар вилояти Хатлон ҷоизаҳои раиси вилоят дар риштаи санъати театр ва ҳаҷв ба номи Аловуддин Абдуллоев таъсис дода шуд, ҳамзамон Қасри фарҳанги Бохтар ба номи ин ҳунарпеша гузошта шуд.
Ёди ҳамкасбонашро дар бораи ин ҳунарпешаи мумтози театру синамо ва ҳаҷвнигори барҷаста дар ин матлаби мо мутолиа кунед: “Рӯзе бармегардам”. Ёде аз Аловуддин Абдуллоев, ҳунарпешаи саршиноси тоҷик
Соли 2021 – Назирмад Мӯсоев, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик дар синни 68-солагӣ аз олам даргузашт.

Назирмад Мӯсоев Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон буда, дар беш аз шаст намоиш аз қабили “Арӯс ва домод”, “Мавзӯъи озод”, “Гирдоби боло”, “Таронаҳои муҳаббат”, “Умед”, “Пари қу”, “Дар ҷустуҷӯи бахт”, “Нафси бад балои ҷон” нақш бозидааст. Ӯ соли 1985 пас аз нақшофарӣ дар филми “Ӯ маро меписандад” (“Я ей нравлюсь”) маъруф шуд. Мӯсоев дар филмҳои телевизионии “Парвози хатарнок”, “Кӯҳи уқобон”, “Тӯй барпо нашуд”, “Алии сонӣ”, филмҳои бадеии “Хоби маймун”, “Саҳв” ва ғайра нақш бозидааст.
Ӯ 15 майи 2021 дар синни 69-солагӣ ҳангоми ҳунарнамоӣ дар як филми “Хатлон синамо” дар шаҳри Душанбе бар асари бемории дил даргузашт.
Соли 2020 – Абдураҳмон Азимов, собиқ муовини сарвазири кишвар ва фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон аз бемории дил дар синни 70-солагӣ вафот кард.

Абдураҳмон Азимов дар давоми фаъолияти худ дар қудрати низомӣ ёвари раиси Кумитаи амнияти миллӣ, раиси Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон, котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ ва солҳои 1996 – 1999 муовини сарвазири Тоҷикистон буд. Азимов инчунин вакили палатаи поёнии парлумон буд ва дар он Кумита оид ба мудофиа ва амниятро сарварӣ мекард.
Ӯ хатмкардаи Институти давлатии педагогии Кӯлоб муддате муаллим ва сипас раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи ин донишгоҳ, сипас нозири Комитети Ҳизби коммунистии шаҳри Кӯлоб, корманди Комитети бехатарии давлатии Тоҷикистон ва ёвари сардори идораи Комитети амнияти миллӣ буд. Соли 1993 сардори идораи КАМ дар Хатлон ва соли 1996 Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон таъин шуда, то соли 1999 дар ин мансаб буд.
Соли 2023 – Шавкат Халилзода, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва саркоргардони Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ дар синни 66-солагӣ аз олам даргузашт.

Халилзода хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва Институти давлатии санъати Ленинград буда, фаъолияти ҳунарии худро ҳамчун ҳунарпеша дар Театри академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ оғоз намуда, сипас ҳамчун коргардон дар театрҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла Театри мусиқии ба номи А. Муҳаммадҷонов дар Қӯрғонтеппа, Театри мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Театри Хоруғ, Театри мусиқии Самарқанд ва Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов фаъолият кардааст.
Солҳои охир ӯ ҳамчун саркоргардони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият мекард.
Халилзода бо сабки хоси эҷодӣ ва ҷаҳонбинии амиқи ҳунарии худ шинохта шудааст. Ӯ саҳнаҳои зиёдеро таҳия кардааст, операи миллии “Рӯдакӣ” ва операи “Оршин-мололон” аз охирин корҳои таҳиякардаи ӯ буд.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Ҳамасола санаи 15 май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги форсу тоҷик ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – “Шоҳнома” таҷлил мегардад. Ин рӯз на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар як қатор кишварҳои дигар, махсусан дар минтақаҳои форсизабон гиромӣ дошта мешавад.

Ин сана бо ташаббуси ЮНЕСКО ва дар заминаи арҷгузорӣ ба саҳми бузурги Фирдавсӣ дар фарҳанги ҷаҳонӣ ва забони порсӣ, расман ба унвони рӯзи ёдбуди ӯ пазируфта шудааст.
15 майи соли 1992 Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд Созишномаи амнияти дастаҷамъиро (СААД)-ро имзо карданд. 14 майи соли 2002 ин созишнома расман ба ташкилоти байналмилалии комил – Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) табдил дода шуд.

Ҳадафи асосии СААД муҳофизати фазои ҳудудӣ ва иқтисодии кишварҳои аъзо тавассути ҳамкориҳои ҳарбӣ ва техникию мудофиаӣ, мубориза бо хатарҳои байналмилалӣ ба мисли терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва таҳдидҳои табиӣ мебошад.
Ҳамасола 15 май Рӯзи байналмилалии оила таҷлил мешавад. Он бо қарори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар соли 1993 таъсис ёфтааст. Мақсади таҷлили ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба аҳамияти оила дар рушди иҷтимоӣ ва таъмини субот, инчунин баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба масъалаҳои марбут ба оила мебошад.

Имрӯз Рӯзи байналмилалии иқлим (International Climate Day) таҷлил мешавад, ки баланд бардоштани огоҳии мардум аз хатари тағйирёбии иқлим, гармшавии глобалӣ, камшавии қабати озон ва афзоиши офатҳои табииро таъкид мекунад. Гарчи на ҳама кишварҳо онро расман ҳамчун ид пазируфтаанд, дар сатҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳити зист васеъ қайд мегардад.

Имрӯз Рӯзи байналмилалии сарпечӣ аз хизмати ҳарбӣ бо сабабҳои баъзе эътиқодоти инсонӣ таҷлил мешавад. Ин рӯз ба шахсоне бахшида шудааст, ки бинобар эътиқоди динӣ, виҷдонӣ ва ахлоқӣ аз иштирок дар ҷангҳо ва ё хизмат дар артиш худдорӣ мекунанд.
Дар чандин кишварҳо ба чунин афрод ҳуқуқи гузаштан ба хизматрасонии ивазкунандаи ғайринизомӣ дода мешавад (масалан, хизмат дар муассисаҳои тиббӣ, иҷтимоӣ ва ё омӯзгорӣ).

Имрӯз Рӯзи дӯстдорони лакҳои нохун таҷлил мешавад. Ин рӯз як ҷашни ғайрирасмӣ аст, ки онро дӯстдорони лаккунии нохун ва коллексионерони онҳо таҷлил мекунанд. Ин рӯзро соли 2016 интернет-мағозаи русии “ЛакоДом” пешниҳод кардааст.

15 майи соли 1940 ширкати “Дюпон” (DuPont) нахустин бор ҷӯробҳо (чулки)- и нейлонии занонаро ба бозори Амрико баровард. Ин маҳсулот баъд аз муаррифии нахҳои нейлонӣ дар соли 1938 таҳия шуда буд.
Дар рӯзи нахустини фурӯш дар ИМА, беш аз 5 миллион ҷуфт ҷӯроби нейлонӣ фурӯхта шуд, ки аз талаботи хеле баланди бозор шаҳодат медод.

ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 29+34º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 17+22º гарм, дар водиҳо шабона 16+21º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 31+36º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 23+28º гарм, дар водиҳо шабона 18+23º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 13+18º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 27+32º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 22+27º гарм, дар водиҳо шабона 15+20º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 22+27º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 30+32º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 8+13º гарм, дар ғарби вилоят шабона 8+13º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 16+18º гарм, дар шарқи вилоят шабона -3+2º.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 30+32º гарм, шабона 17+19º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 30+32º гарм, шабона 16+18º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 33+35º гарм, шабона 18+20º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 25+27º гарм, шабона 10+12º гарм.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 15 ба 16-уми май ба ҳисоб гирифта шудааст.





