Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Нозанини Исматшоҳ, Идибеки Саид, asia+

Дирӯз, 16-уми май аз куштори Қобилҷон Алиев, навраси 10-солаи тоҷик, ки ҷомеаи ҷаҳонро такон дод, панҷ моҳ сипарӣ шуд. Ӯ 16-декабри соли 2025 дар мактабе дар вилояти Маскав бар пояи нафрати миллӣ кушта шуд. Дар пайванд ба қатли ӯ, як шаҳрванди 16-солаи Русия боздошт шуд ва тафтиши парванда идома дорад.

Чанд рӯз пеш, “Азия-Плюс” ба суроғи модари Қобилҷон – Нилуфар Сафоева, ки ҳоло дар Душанбе зиндагӣ мекунад, рафт ва дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва рӯзгори имрӯзааш пурсид. Ин аввалин суҳбати ӯ бо расонаҳо аз замони рух додани фоҷеаи писараш аст.

Рӯзи ҳодиса

Нилуфар Сафоева нақл кард, ки рӯзи 16-уми декабри соли 2025 барои ӯву писаронаш як рӯзи маъмулӣ буд. Субҳ бо каме таъхир писаронаш – Қобилҷон ва Суннатуллоро ба мактаб бурд ва баъд худаш ба кор рафт. Ҳарчанд, гуфт, шаби гузашта Қобилҷон хобаш набурд ва аз ӯву додараш хоҳиш кард, ки хоб накунанд ва ҳамин тариқ, онҳо то соати 1 шаб бо ҳам суҳбат карданд ва билохира, хобашон бурд.

Нилуфар Сафоева гуфт, Қобилҷон вақтҳои охир хобҳои гуногун медид, мехост ба ӯ нақл кунад, вале ба хотири амнияти писараш намегузошт, нақл кунад. Ба гуфтаи ӯ, Қобилҷон як рӯз дар холааш қисса кардааст, ки “хоб дидам мактаб меравам, падарам бо аспи сафед аз зинаҳо меояд ва маро бо худаш мебарад”.

Нозанин Исматшоҳ, хабарнигори "Азия-Плюс" ҳангоми суҳбат бо Нилуфар Сафоева, акс аз asia+

Ба нақли Сафоева, Қобилҷон субҳи ҳодиса ба баҳонаи он ки иштиҳо надорад, чизе нахӯрд.

Ӯ нақл кард, ки тақрибан соати 13:00-13:30 рӯзи ҳодиса ба телефонаш якбора даҳҳо паёму занг омад. Ба яке аз онҳо посух дод, ки Суннатулло, писари хурдиаш бо овози гиряолуд аз ӯ хост, ки зуд ба мактаб биёяд. Дар роҳ ба мактаб, ки аз ҷойи кораш 20 дақиқа роҳ буд, паёмҳои телефонро медид, ки ҳама аз Қобилҷон мепурсанд, ки ӯ дар куҷо аст ва бо ӯ чӣ шудааст.

“Вақте, ки ба мактаб мерафтам, ҳамеша фикрам дар фарзандонам буд, ки ба онҳо чӣ шуда бошад ва ё онҳо чӣ гуноҳ карда бошанд. Телефонам беист занг мезад, посух намедодам. Хотирам парешон буд, то мактаб гирякунон рафтам. Билохира, ба мактаб расидам. Дар берун ба ғайри журналистону мақомот ҳеҷ кас набуд. Дохили мактаб муаллимону кормандони пулис бисёр буданд. Вақте аз дари мактаб даромадам, ҳама гуфтанд: “Қобилҷонро аз даст додем, дар сардхона аст”. Муаллимааш маро оғӯш гирифту гиря кард. Ҳамин замон осмон ба сарам фуруд омад ва фарёд задам, ки “писари ман чӣ гуноҳ дошт? Баъд ба ман сӯзандору гузарониданд ва аз ҳуш рафтам…”, – нақл кард Нилуфар Сафоева, ҳангоме ки дар чашмаш ашқ ҳалқа зада буд.

Ӯ дар идома гуфт, ки вақте ба ҳуш омад, болои сараш нафарони зиёд, аз ҷумла корманони мақомоти қудратӣ ва духтурон буданд ва дунё дар назараш торик буду дарк карда наметавонист, ки ба сараш чӣ фоҷеаи мудҳиш омадааст.

“Ман, муаллимааш ва чанд хонандаи дигар дар дохили мактаб баёнот додем. Ман худам ҳол надоштам, вале хоҳаронам кумак карданд. Мепурсиданд, ки бо қотил ягон робита доред? Ман дубора ҳайрон мешудаму мепурсидам, ки охир чӣ шудааст? Ҳеҷ чиз намегӯянд ва ба ман дору медиҳанду ором мекунанд”, – нақлашро идома дод модари Қоибилҷон.

Сафоева гуфт, рӯзи ҳодиса онҳо соати 19:00-и бегоҳ ба хона рафтанд, одамони зиёд ба аёдати ӯ ва ҳамдардиаш меомаданд. Ҳарчанд медид, одамон омада мерафтанд, вале чизеро намешунид ва ташхис карда наметавонист.

“Пагоҳ, субҳ ҳамсинфонаш ва омӯзгораш омаданд, либосҳояшро оварданд. Дигар ёд надорам, ки чӣ хел ба фурудгоҳ омадем, чӣ шуд. Ёдам ҳаст, ки хоҳаронам гуфтанд, дар Ҳисор ҷаноза мекунем. Гуфтам не, дар паҳлӯи падараш дафн мекунем”, – бо чашмони пур аз об нақл кард ин зан.

Талош барои баргаштан ба зиндагии муқаррарӣ

Ӯ гуфт, бо гузашти панҷ моҳ, ҳарчанд наметавонад қазияро фаромӯш кунад, аммо талош дорад ба зиндагии муқаррарӣ баргардад ва ҳоло худро ба дӯзандагӣ машғул кардааст. Ӯ мегӯяд, ният дорад бо аз худ кардани ҳунар, ба даҳҳо духтари дигар онро омӯзонад ва саҳми худро дар ҷомеа гузорад.

Қобилҷон Алиев, акси пешниҳодшуда аз модари ӯ

“Ҳамон тавре, ки ҳамаи модарон дар паҳлӯи ман буданд, мехоҳам дар паҳлӯи ҳамаи модарон бошам”, – гуфт ӯ.

Ҳоло писари хурдиии вай, Суннатулло Алиев дар Литсейи президентии пойтахт таҳсил мекунад.

Сафоева ба ҳамаи онҳое, ки ба ӯ кумак карданд ва дар қазияи писараш бетараф набуданд, изҳори сипос гуфт. Ӯ зикр кард, ки маҳз ҳамин дастгирӣ ва эҳсоси ҳамдилиҳо буд, ки тавонист ба ин ҳолат тоб биёрад ва барои зиндагии ояндаи худ талош кунад.

“Қобилҷон мехост одами машҳур шавад ва хонаи сафед харад”

Лавҳаи хотира ба ёди Қобилҷон Алиев дар мактаби 27-и шаҳри Ҳисор, акси пешниҳодшуда аз модари ӯ

Сафоева гуфт, Қобилҷон мехост, одами маъруф шавад, кор кунаду хонаи сафед харад ва номбардори падараш бошад. Бехабар аз он, ки бештар аз ҳамаи хостаҳояш, ин ҳама ҳақиқат пайдо кард ва қазияи мазкур исми ӯро дар сархати расонаҳо қарор дод.

Мурофиаи гумонбар моҳи сентябр оғоз мешавад

Ба гуфтаи Нилуфар Сафоева, то ҳол мурофиаи додгоҳии гумонбари қатли писараш, ки аз ӯ навраси 15-солаи шаҳрванди Русия ном бурда мешуд, баргузор нашудааст.

“Се рӯз пеш вакилони дифое, ки бо мо ҳамкорӣ мекунанд, гуфт, ки мурофиаи ӯ моҳи сентябр баргузор мешавад. Ба парвандаи гумонбар боз се моддаи дигар илова шудааст”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Тасдиқи ин гуфтаҳо тавассути манобеи дигар ҳоло имконнопазир аст.

Қобилҷон Алиев, акси пешниҳодшуда аз модари ӯ

Ҳамин тариқ, маълум нест, ки парванда дар кадом сатҳ қарор дорад ва гумонбар боз ба чӣ гумонбар мешавад.

Куштори Қобилҷон Алиев ҷомеаи ҷаҳонро такон дод

Ёдовар мешавем, ки Қобилҷон Алиев рӯзи 16-уми декабри соли 2025 дар мактабе дар вилояти Маскав аз сӯйи навраси 15-сола ва шаҳрванди Русия бо корд ва бар пояи нафрати миллӣ кушта шуд. Ҳамаи ин ҷиноятро ҳамлавар мустақим дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор кард.

Дар навори воқеа, ки онро саҳифаи “Mash” нашр кард, дида мешавад, наврасе бо корд ба гурӯҳи хонандагон наздик шуда, мепурсад, “миллати шумо чист?”. Пас аз куштор, ҳавлавар дар ҳамон мактаб аз ҷониби нерӯҳои интизомӣ дастгир шуд. Ӯ ба гуноҳи худ иқрор шуд, алайҳи ӯ бо иттиҳоми куштор ва қасди куштор (моддаҳои 105 қисми 3, моддаи 30 қисми 2 Кодекси ҷиноии Русия) парвандаи ҷиноӣ боз шуд ва ӯ барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Расонаҳо менависанд, ки ҳамлагар пеш аз ҳодиса “манифест”-и худро бо номи “Ғазаби ман”, ки дар он ӯ зидди яҳудиён, мусалмонон, зиддифашистон ва либералҳо ҳарф мезад, ба ҳамсинфонаш фиристодааст.

Дар ҳамин ҳол, нашрияи “Газета.ру” аз қавли Кумитаи тафтишотии Русия  навишт,  ки “навраси боздоштшуда эътироф кардааст, ки чанд вақти ахир барои содир кардани ин ҷиноят омодагӣ медид”.

Ҷасади навраси тоҷикро 18-уми декабри 2025 ба Тоҷикистон оварда, дар зодгоҳаш, ноҳияи Шаҳринав ба хок супурданд.

Қобилҷон Алиев, акси пешниҳодшуда аз модари ӯ

Ба куштори Қобилҷон Алиев мақомоти тоҷик зуд вокуниш карданд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири Русия дар Душанберо даъват карда, нота супорид. Роҳбарони мақомоти тафтишотиву интизомӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ҳам ба ҳамтоёни руси худ тамос гирифта ё мактуб навишта, нигаронии худро иброз доштанд ва тафтиши беғари онро талаб карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳам ба зарурати тафтиши воқеӣ ва беғаразонаи куштори Қобилҷон Алиеви 10-сола ва ба ҷавобгарии ҷиноии сангин кашидани ҳамаи гунаҳкорон таъкид кард.

Бояд зикр кард, ки куштори Қобилҷон Алиев мушкили доғи Русия – миллатгароӣ ва нафрати миллиро, ки солҳои охир аз сӯйи теъдоде аз сиёсатмадорону фаъолони ҷомеаи ин кишвар густурда тарғиб мешавад, ошкор кард. Коршиносон омили аслии ин фоҷеаро маҳз натиҷаи ташаккули фазои муҳоҷирситезӣ ва беҷазоӣ барои нажодпарастӣ дар Русия маънидод карданд. Зери таъсири ин ғоя дар 22 соли ахир ҳадди ақал 6 куштори бераҳмонаи кӯдакони тоҷик дар Русия расонаӣ шуданд.

Бо гузашти панҷ моҳ аз ин ҷинояти мудҳиш, ҷомеа интизори оғози мурофидаи додгоҳии муттаҳами боздоштшуда ва ҷазои сазовор ба ӯ аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.