Дар Душанбе ғолибони озмуни “Оилаи беҳтарин” маълум гардиданд. Онҳо кистанд ва чӣ гуна ғолиб шуданд?

Имсол ин озмун дар сатҳи ҷумҳурӣ баргузор нашуд.

Шаҳноз Ализода, asia+

Мирзо Ҳусейнов ва ҳамсараш Истамой Мадалиева, сокинони ноҳияи Синои шаҳри Душанде дар озмуни шаҳрии “Оилаи беҳтарин” ҷойи аввалро соҳиб шудаанд.

Дар ин бора Раёсати кор бо занони шаҳрдории Душанбе хабар дода, гуфтааст, ки маросими ҷоизасупории озмун рӯзи 15-уми май баргузор шуд.

Ду ҷойи дуюм насиби хонаводаҳои Бахтиёр Сафаров ва ҳамсараш Саодат Ғоибзода аз ноҳияи Шоҳмансур ва Давлатшоҳ Маҳмудову ҳамсараш Меҳрангез Зокирова аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ гардидааст.

Акс аз Раёсати кор бо занони шаҳрдории Душанбе

Мақоми сеюмро бошад, ба се оила – Фаёзиддин Ахметову занаш Саида Умарзода аз ноҳияи Сино, Зафарҷон Шукурову ҳамсараш Саидахон Раҳимова аз ноҳияи Сино ва Назрихуҷа Сайдалиеву хонумаш Мулиён Хайриддинзода аз ноҳияи Фирдавсӣ тақдим кардаанд.

Раёсати кор бо занони шаҳрдории пойтахт гуфтааст, ки “ғолибон бо диплому туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд”.

Акс аз Раёсати кор бо занони шаҳрдории Душанбе

Тибқи иттилои манбаъ, ғолибон аз рӯйи низомномаи зеррин муайян шудаанд:

– оилаи намунавӣ дар маҳалли зист;

– саҳми оила дар ободонии хона, кӯча, шаҳрак, маҳалла;

– солимии оила дар муносибатҳои оилавӣ;

– шароити мусоиди муҳайёгардида барои таълиму тадриси фарзандон;

– забондонӣ ва ширкати фарзандон дар озмунҳои ҷумҳурӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ;

– ҷалби фарзандон ба хизмати ҳарбӣ;

– ва саҳми оила дар пешгирии омилҳои номатлуби ҷомеа.

Акс аз Раёсати кор бо занони шаҳрдории Душанбе

Бояд гуфт, ки соли гузашта озмуни “Оилаи беҳтарин” дар сатҳи ҷумҳурӣ баргузор шуда буд. Аммо имсол он танҳо дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо гузаронида шудааст. Аз Кумитаи занон ва оила ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ин ниҳод озмуни “Оилаи беҳтарин”-ро дар минтақаи Рашт баргузор ва ба хонаводаҳои беҳтарин диплому туҳфа тақдим кардааст. Вале касе ғолиби ҷойҳои ифтихорӣ нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки озмуни “Оилаи беҳтарин”  аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон гузаронида шуда, дар се марҳила шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Радабандии ҷаҳонии футзал аз ФИФА: Тоҷикистон се мавқеъ поин рафт

Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА) радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.