Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, то ҳол ба 520 хонаводаи шаҳри Кӯлоб, ки аз сел зарар дидаанд, кӯмакҳои ҳукумати Тоҷикистон расонида шудааст. Сокинон маводи ғизоӣ, таҷҳизоти барқӣ, кӯрпаву болишт, либосу пойафзол ва ғайра гирифтаанд. Мақомот мегӯяд, ки ба 330 хонаводаи дигар марҳила ба марҳила ёриҳоро мерасонанд.
Хабарнигори “Азия-Плюс” рӯзи 16-уми май бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард ва пурсид, ки то кунун чӣ кӯмаке дарёфт кардаанд.
Ёқубҷон Мулониёзов, як сокини ин шаҳр, ки падараш Мирзо Мулониёзов дар пайи обхезии шаби 1-уми май аз шиддати барқ ҷон бохт, ба “Азия-Плюс” гуфт, то кунун ду маротиба кӯмак дарёфт кардаанд.

“Маҳсулоти ғозоӣ, аз ҷумла орду картошка, пиёзу сабзӣ, биринҷу макарон, равғани растанӣ ва шакар оварданд. Либосу пояфзоли кӯдакона, як-ду кӯрпаву болишт ҳам доданд. Таҷҳизоти барқӣ, дегу коса ва дигар ҷиҳози хона ба мо надодаанд”, – афзуд Ёқубҷон.
Ҳамчунин ҳукумати шаҳри Кӯлоб ба хонаводаи Мирзо Мулониёзов, маҳсулоти сохтмонӣ, аз ҷумла 1 ҳазору 150 дона семенблок, 3 тонаву 250 кг семент ва 1 мошин қум кӯмак кардааст. Ҳамсуҳбати мо гуфт, ки намояндагони ҳукумати шаҳр ҳамчунин ваъда додаанд, ки дар оянда “арматур” ва сангниз меоранд.
Ёқубҷон Мулониёзов гуфт, ҳоло бо аҳли оилааш дар хонаи ҳамсоя шабро рӯз мекунанд ва рӯзона манзилро бо ёрии хешовандон таъмир мекунанд. Ҳоло нигаронии асосии ин хонавода зудтар анҷом додани тармими хона ва бозгашт ба зиндагии қаблиашон аст. Ҳарчанд мегӯянд, барои таъмири хона вақт ва пули зиёд лозим аст, ки бе ёрии ҳукумати кишвар мушкил хоҳад буд.
Умеда Алимова, сокини маҳаллаи Қурбон Зардаки шаҳри Кӯлоб, ки дар пайи обхезӣ зарар дидааст, ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ба хонаводааш маҳсулоти ғизоӣ, тафдону чанд ҷиҳоз барои ошхона, кӯрпаву болишт ва либос додаанд.
“Ҳамагӣ як бор ба ҳамаи зарардидагон кӯмак карданд. Ба мо 5 халта орд, 2 халта пиёз, 1 халта картошка, 1 халта сабзӣ, шакару биринҷу макарон, равғани растанӣ доданд. Ҳамчунин як адад тафдон (духовка), 2 кӯрпача, 2 таксарӣ, 1 қолин, либосу пояфлоз низ гирифтем”, – иброз дошт Алимова.

Ин зан таъкид кард, ки дар пайи сел хонааш зери обу лой монда ҳамаи таҷзиҳоти барқӣ, аз ҷумла яхдону мошини ҷомашӯӣ, тафдону “плита” вайрон шуда, гӯсфандаш талаф шудааст.
Умеда мегӯяд, ки масъулин ҳамаи зарари расидаро ба қайд гирифтаанд, вале то ҳол аз тақдири минбаъдаи хонаводааш нигарон аст. Вай низ гуфт, ҳоло шабро дар хонаи волидайнаш рӯз мекунад ва таъмири хонааш идома дорад.
Қаблан Ҳотамшоҳ Латифзода, муовини аввали раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки то 5-уми май 328 манзили зисти сокинонро муайян кардаанд, ки аз обхезӣ зарар дидааст. Ӯ гуфта буд, ки санҷиши мақомот дар маҳаллаҳои осебдида идома дошта, шумори чунин хонаҳо меафзояд.

“Аз 328 манзили зарардида, 1 хона пурра, 3 хона қисман зарар дида ва ба 178 манзили сокинон лой даромадааст. Инчунин хоҷагиҳо, иншооти ёрирасон, заминҳои кишти сокинон зарар дидаанд”, – гуфта буд номбурда.
Ҳоло хисороти обхезӣ дар Кӯлоб маълум нест. Мақомот қаблан гуфтанд, дар пайи сел дар ин шаҳр 850 оила зарар дидааст.
Ёдрас мешавем, ки шаби 1-уми май дар шаҳри Кӯлоб сел омад, ки дар пайи он се нафар ҷони худро аз даст дода, се тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Чандин хона ва иншооти гуногун дар маҳаллаҳои Роҳи оҳан, Хати роҳ, Даминзода, Раҳимзода, Қурбон Асадулло, Нуробод, Корвонгузар, Нонбойи поён ва Заринкуҳи шаҳри Кӯлоб зарар дида, сокинон дар хонаи пайвандону ҳамсояҳо паноҳ бурданд.
Тафсилоти ин ҳодиса ва ҳаёти сокинони шаҳрро баъди обхезӣ дар гузориши “Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд? мутолиа кунед.






