Имрӯз 85-солагии Лоиқ Шералӣ, Шоири халқии Тоҷикистон ва чеҳраи барҷастаи адабиёти муосири тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат, рӯзноманигори “Азия-Плюс” чанд рӯз қабл ба зодгоҳи шоир, ба деҳаи Мазори Шарифи шаҳри Панҷакент сафар кард, то бо Ботур Шералӣ, ягона бародари зиндаи устод Лоиқ мусоҳиба анҷом диҳад.
Бародари шоир дар ин суҳбат мегӯяд, ки зиндагии устод қариб пурра шоирона буд, вале наздиконаш ин ҳақиқатро дар вақташ дарк карда натавонистанд. Ӯ аз розҳое парда бармедорад, ки то кунун ҳаводорони шеъру адабиёт чандон аз он огоҳ набуданд.
Дар ин мусоҳибаи наворӣ мо асосан аз муносибати шоир бо худи падар ва ҳамсари дуюми падараш, равобити ӯ бо ду модараш, хотироти бачагиии “бе касу танҳо” гузашта ва чакидани боми хонаи модариаш пурсон шудем.
Дар воқеъ, бародари шоир дар бораи як ҳодисаи дастшикании Лоиқ Шералӣ ҳам қисса мекунад ва инро ҳам мегӯяд, ки чаро дар ин хонавода ҳунари шикастабандӣ мавқеи хос дорад? Аслан номи Лоиқро чӣ гуна интихоб кардаанд ва чаро ашъори ин шоири номдорро замоне дар зодгоҳаш Мазори Шариф намехонданд? Дилхурии шоир аз ҳамдиёронаш дар чӣ буд?
Ин мусоҳибаро мо дар се ҷой – қисми аввалро дар Осорхонаи шоир, қисми дигарро дар ҳамон хонае, ки шоир дар он бузург шуд ва қисми сеюмро дар ҷойҳое, ки бачагиҳои Лоиқ Шералӣ гузашт – оростем. Ин мусоҳиба кушодани саҳифаҳои сиёҳу сафеди рӯзгори як шоири тавонои тоҷик аст. Посухи ин ва дигар саволҳои рӯзгори устод Лоиқро метавонед дар навори мусоҳиба мо дарёбед.
Дар бораи дарди миллӣ, бонги бедорӣ ва мавқеъгирии Лоиқ Шералӣ дар ҷанги шаҳрвандӣ дар ин чеҳракушоии мо ва дар бораи ба ҳарду майдон “Шаҳидон” ва “Озодӣ” даъват кардани Лоиқ Шералӣ дар ин мусоҳибаи мо маълумоти ҷолиб ва тоза дарёбед.






