Аз парваришу забҳ то бастабандӣ. Тоҷикистону Чин барои воридоту содироти гӯшти мурғ санади нав имзо карданд

Муҳимтарин шартҳои воридоту содироти гӯшти мурғ мувофиқи санад кадомҳоянд?

Шоираи Қудрат, asia+

Тоҷикистону Чин дар бораи содироту воридоти гӯшти мурғ миёни ду кишвар созишнома ба имзо расониданд. Ин санад байни Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон ва Саридораи гумруки Чин имзо шуда, аз қабули қоидаҳои муштараки воридоту содирот байни ду кишвар мегӯяд, ки барои бехатарӣ ва ҷилавгирӣ аз паҳншавии бемориҳо мусоидат мекунад.

Санад ҳамчунин тартиби амал дар ҳолати пайдо шудани бемориҳои сироятии паранда ва қоидаҳои фаъолияти корхонаҳои содиротиро муқаррар кардааст.

Созишнома рӯзи 12-уми май имзо шуда, тибқи он, ҷонибҳо барои назорат, карантин ва бехатарии озуқаворӣ ҳангоми воридот ва содироти гӯшти мурғи яхкардашуда ва гӯшти мурғи бо ҳарорат коркардшуда ба чунин мувофиқа расидаанд:

Назорати бемориҳои сироятӣ

Мувофиқи лоиҳаи созишнома, ҳарду кишвар уҳдадор шудаанд, ки гӯшти мурғро пеш аз содирот ва воридот санҷанд, аз назорати домпизишкӣ (байторӣ) гузаронида, шаҳодатномаи бехатарӣ диҳанд. Ин ҳуҷҷати расмиест, ки беморӣ надоштани маҳсулотро тасдиқ мекунад.

Мурғ пеш аз забҳ ва баъди забҳ аз санҷиш мегузарад.

Акси марбут, Акс аз "Ҳақиқати Суғд"

Тоҷикистон ва Чин ҳамчунин бояд қонунҳо, қоидаҳо ва тартиби коркарди мурғро ба ҳамдигар пешниҳод кунанд. Яъне ду кишвар бояд ба ҳамдигар иттилоъ диҳанд, ки мурғ чӣ гуна парваришу нигоҳдорӣ ва забҳ мешавад.

Ҳамчунин, маълумот дар бораи он ки кадом корхонаҳо гӯшти мурғ истеҳсол ва чӣ қадар маҳсулот содирот мекунанд ва оё дар онҳо қоидавайронкунӣ ё мушкили беҳдоштӣ (санитарӣ) ёфт шудааст ё не, пешниҳод кунанд.

Инчунин назорати доруҳои домпизишкӣ (байторӣ) ва мавҷудияти ифлоскунандаҳо ва микроорганизмҳои хатарнок санҷида шуда, итминон ҳосил мекунанд, ки маҳсулот моддаҳои зараровар надошта бошад.

Ҳамчунин, ҳарду кишвар бояд аз вазъи бемориҳои паранда дар кишвари худ ба ҳам иттилоъ дода, барои паҳн нашудани зукоми мурғ, “бемории Нюкасл” ва дигар бемориҳои сироятӣ чора андешанд. Яъне агар дар Тоҷикистон ё Чин бемории хатарнок пайдо шавад, бояд зуд ба тарафи дигар хабар диҳанд.

Мутахассисони як кишвар метавонанд ба кишвари дигар барои санҷиш раванд.

Ҳарду кишвар ҳангоми содироти гӯшти мурғ бояд исбот кунад, ки он дорои бемориҳои хатарнок нест.

Қоидаҳои содирот барои Тоҷикистон ва Чин

Тибқи лоиҳаи санад, қоидаҳо барои мурғи Тоҷикистон, ки ба Чин содирот мешавад, чунин аст:

– мурғ бояд дар Тоҷикистон парвариш ва забҳ шавад;

– бояд маълум бошад, ки мурғ аз кадом хоҷагӣ аст;

– дар хоҷагӣ дар 12 моҳи гузашта бемориҳои сироятӣ набояд ба қайд гирифта шуда бошад;

– дар 6 моҳи охир хоҷагӣ набояд дар “карантин” бошад.

Барои содироти гӯшти мурғ аз Чин низ ҳамин талабот амал мекунад.

Маълумот дар бораи корхона

Дар созишнома гуфта шудааст, корхонаҳое, ки мурғро забҳ, пора ва коркард мекунанд ё дар сардхона нигоҳ медоранд, бояд ба қонунҳои беҳдоштӣ ва домпизишкӣ (байторӣ)-и Тоҷикистон ва Чин ҷавобгӯ бошанд.

Яъне на ҳар корхона метавонад ба Чин ё Тоҷикистон гӯшти мурғ содир кунад.

Коргоҳи истеҳсоли гӯшти мурғ дар шаҳри Хуҷанд, Акс аз дафтари матбуоти раисҷумҳур

Корхонаҳо бояд расман ба қайд гирифта шаванд ва иҷозатномаи махсус дошта бошанд.

Агар корхона дар рӯйхати расмӣ набошад, ҳаққи содироти гӯшти мурғро надорад. Фақат мурғе содирот карда мешавад, ки баъди бақайдгирии корхона истеҳсол шудааст.

Тиқи лоиҳа, рӯйхати корхонаҳои иҷозатдошта дар сомонаҳои расмӣ бояд нашр шаванд.

Интиқол ва нигоҳдорӣ

Ҳангоми интиқоли гӯшти мурғи барои содирот пешбинишуда омехта кардани он бо дигар навъи маҳсулот манъ аст. Ҳангоми коркард низ омехта кардани он бо дигар маҳсулот мумкин нест. Мурғи содиротӣ бояд алоҳида нигоҳ дошта шавад. Ҳангоми нигоҳдорӣ ҳарорати дохилии мурғ набояд аз -15°С баланд бошад. Агар ҳарорат баланд шавад, маҳсулот метавонад вайрон шавад ё ангезандаи беморӣ пайдо кунад.

Муҳлати нигоҳдорӣ набояд аз 24 моҳ зиёд бошад.

Бастабандӣ

Бастабандӣ бояд муҳр дошта бошад ва қуттӣ ё бастаи маҳсулот бояд тоза ва нав буда, ба талаботи беҳдоштӣ ҷавобгӯ бошад.

Тамғагузорӣ бо тоҷикӣ ва чинӣ ё англисӣ анҷом дода мешавад. Бояд дар бастабандӣ номи маҳсулот, кишвари истеҳсолкунанда, рақами корхона, санаи истеҳсол, муҳлати истифода ва дигар маълумоти муҳим нишон дода шавад.

Аз zakon.kz

Ҳар силсилаи мурғи содиротӣ бояд шаҳодатномаи аслии домпизишкӣ дошта бошад. Ин ҳуҷҷат метавонад бо тоҷикӣ, чинӣ ё англисӣ пур карда шавад. Шакл ва мазмуни шаҳодатнома бояд пешакӣ мувофиқа шавад.

Тарафҳо намунаи муҳрҳо, имзоҳо ва рӯйхати байторони ваколатдорро ба ҳамдигар медиҳанд, то ҳуҷҷати қалбакӣ истифода ва маҳсулоти ғайриқонунӣ ворид нашавад.

Дар бораи ворид кардани тағйирот ба ҳуҷҷат, аз ҷумла иваз кардани муҳр ва нав шудани баъзе қоидаҳо тарафҳо бояд як моҳ пеш ба ҳам хабар диҳанд.

Ҳолатҳои қатъи додугирифт

Агар бемории сироятӣ ё паразитӣ пайдо шавад, содироти мурғ муваққатан қатъ мешавад. Маҳсулоти хатарнок бозхонд карда мешавад, яъне агар маҳсулоти шубҳанок аллакай ба бозор баромада бошад, онро аз фурӯш мегиранд.

Пас аз бартараф шудани мушкилот, гуфтушунид мешавад ва тарафҳо метавонанд додугурифтро аз нав оғоз кунанд.

Санҷиш дар кишвари қабулкунанда

Кишвари воридкунанда маҳсулотро аз нав месанҷад, ҳатто агар маҳсулот аз кишвари дигар бо иҷозат омада бошад. Агар талабот иҷро нашавад, маҳсулот бозпас фиристода ё нобуд карда мешавад.

Меъёрҳое, ки дар боло зикр шуданд, барои “гӯшти мурғи яхкардашуда”, маҳсулоти иловагии қобили истеъмол ва “мурғи бо ҳарорат коркардшуда” аст.

Корхонаи истеҳсоли гӯшти мурғ дар Хуҷанд, Акс аз дафтари матбуоти раисҷумҳур

Гӯшти парандаи яхкардашуда маънои гӯшти мурғи яхкардашудаи қобили истеъмолиро дорад, ки пас аз забҳ ва хунбарорӣ аз он пар, узвҳои дохилӣ, сар, гардан, болҳо, дум ва пойҳо ҷудо карда шудаанд, инчунин маҳсулоти иловагии қобили истеъмолӣ он низ дохил мешаванд.

Мурғҳои бо ҳарорат коркардшуда бошад қисмати мушакҳову скелетии паранда (бо устухон ё бе устухон) ва маҳсулоти иловагии қобили истеъмолро дар бар мегиранд, ки дар ҳарорати ҳадди ақал аз 60°С беш аз 30 дақиқа ё барои маҳсулоти пурра дар ҳарорати 70°С беш аз 1 дақиқа бо истифода аз дастгоҳи гармидиҳии муассир ё чораҳои дигари муодили аз ҷониби тарафҳо эътирофшуда коркард шудаанд.

Маҳсулоти иловагии мурғ, ки аз ҷониби тарафҳо тасдиқ нашудаанд, барои содирот иҷозат дода намешаванд.

Боз кадом қисмҳои иловагии мурғ иҷозаи содирот доранд?

Маҳсулоти иловагии қобили истеъмоли мурғ, ки барои содирот иҷозат доранд, чунин аст:

– дил, ҷигар, гурда, меъда;

– гардан, пойҳо, пӯст, пайҳо/картоҷ, шона;

– қафаси синаи яхкардашудаи мурғ (бо пӯст ё бе пӯст, бо устухон ё бе устухон); 

– пойи яхкардашудаи мурғ (яклухт, чоряк, рон, қисми поёнӣ); 

– боли яхкардашудаи мурғ (болҳои пурра, қисми миёнаи бол, болҳои сеқисма, қисми болоии бол, нӯги бол). 

Зимнан, ин созишнома ба муддати 5 сол баста шуда, аллакай аз рӯзи ба имзо расиданаш эътибор пайдо кардааст. Он метавонад бо ризоияти тарафҳо тағйир дода шавад. Дар сурати на камтар аз шаш моҳ пеш аз анҷоми муҳлати амали созишнома, тарафҳо нияти тағйир додан ё қатъи онро ба ҳам хабар надиҳанд, он ба таври худкор барои панҷ соли оянда тамдид мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.