Ҷузъиёти ҷон бохтани 4 корманди кони тиллои Шугнов дар пайи чаппа шудани кӯҳпора

Ному насаби фавтидагонро маълум кардем

Шаҳноз Ализода, asia+

Боришоти зиёд, ки боиси фурӯ рафтани кӯҳпора шуд, сабаби ҷон бохтани 4 коргари кони тиллои Шугнов дар ноҳияи Ховалинг шудааст. Ҳукумати ин ниҳоя бори аввал, ҷузъиёти ҳодиса, аз ҷумла ному насаби фавтидагонро гуфт.

Валӣ Табарзода, муовини аввали раиси ноҳияи Ховалинг рӯзи 25-уми май ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳангоми коркарди тилло, кӯҳпора бинобар бориши зиёд ва лағзиши замин ба болои коргарон фурӯ рафтааст.

Номбурда аз чонбохтагон чунин ном бурд:

– Раҳмиддин Гадоеви 19 – сола, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ;

– Алишерпур Мирмаҳмадзодаи 21-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ;

– Саймурод Саидови 42 – сола, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ;

– Умаралӣ Забирови 46 – сола, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ;

Валӣ Табарзода. Акс аз хадамоти матбуотии раиси вилояти Хатлон

Ҳамсуҳбати мо гуфт, ҷасади фавтидаҳо пайдо ва ба хонаводаҳояшон супорида шуд:

“Ҷасади се тани онҳоро рӯзи 24-уми май пайдо карданд, ҷасади як нафари дигарро субҳи рӯзи 25-уми май пайдо карданд. Ду танашон ронандаи мошини боркаш, як кас ронандаи “Эксватор” ва як каси дигар ҳамчун кафшергар кор мекарданд. Замони ҳодиса онҳо дар дохили техника машғули кор будаанд”, – гуфт Табарзода.

Аз бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) дар вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ҳодиса тахминан соати 10-и рӯзи 23-юми май рух дода, кӯҳпора ҳангоми коркарди тиллои навъи якум ба болои чор корманди кони тилло чаппа шудааст. Манбаъ гуфт, кӯҳпора дар пайи боришоти зиёд фуру рафтааст.  

“Хадамоти назорати бехатарии корҳо дар саноату кӯҳкорӣ омилҳои ҳодисаро санҷиш карда истодааст. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад”, – гуфтанд аз ин ниҳод.

Бояд гуфт, ки ин аввалин ҳодисаи марги кормандон дар конҳои Тоҷикистон нест. Рӯзи 17-уми январи соли гузашта дар пайи фурӯ рафтани сангу рег, се корманди кони ангишти “Фон-Яғноб”-и ноҳияи Айнӣ ба ҳалокат расида буданд. Он замон Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноату кӯҳкорӣ гуфта буд, ки сабаби ҳодиса таҳқиқ мешавад. Аммо натиҷаи ин таҳқиқ ба расонаҳо маълум нест.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.