Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон, Нависандаи халқии Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми якуми ин романии таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад.
Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.
Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, романи “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, тарҷумаи ҳикояҳои Антон Чехов, романи “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфӣ, инчунин, асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и устод Садриддин Айниро дар шакли савтӣ манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.
Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон, Нависандаи халқии Тоҷикистон оғоз карданд.
Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.
Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.







