Оғози мурофиаи додгоҳии гумонбарони куштори размикори наврас дар Кӯлоб

Дар курсии айбдорӣ 5 тан нишастаанд.

Шаҳноз Ализода, asia+

Додгоҳи шаҳри Кӯлоб ба баррасии парвандаи 5 гумонбар дар куштори Муҳаммадалӣ Саъдуллоев (Исуфов), размикори тоҷик, ки тақрибан 6 моҳ пеш дар пайи як муноқиша кушта шуд, оғоз кардааст.

Дар ин бора аз ин ниҳод имрӯз ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода гуфтанд, ки мурофиаи якуми онҳо дирӯз, 25-уми май сурат гирифтааст.

Дар пайванд ба куштори размикор нисбати 6 ширкаткунандаи ин занозанӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Манбаъ гуфт, ҳоло тафтиши пешакии парвандаи як нафари дигар ба анҷом нарасидааст.

“Дар мурофиаи якум 9 ҷабрдида ва шоҳид пурсида шуданд. Дар ин қазия 13 шоҳид ва 5 ҷабрдида сабт шудааст. Дар мурофиаҳои оянда дигар шоҳидону ҷабрдидаҳо пурсида мешаванд, додситон баромад мекунад ва ҳукм содир мешавад”, – гуфт намояндаи додгоҳ.
Муҳаммадалӣ Саъдуллоев ва Сулаймон Одинаев. Коллаж asia+

Манбаъи мо зикр кард, ки парвандаро Баҳодур Муҳиддинзода, раиси додгоҳи шаҳри Кӯлоб баррасӣ мекунад. Мурофиаи навбатӣ рӯзи 29-уми май баргузор мешавад.

Дар пайи муноқишаи гурӯҳе аз наврасон дар шаби 11-уми январи имсол дар шаҳри Кӯлоб Муҳаммадалӣ Саъдуллоев кушта ва ду каси дигар захмӣ шуданд. Дар пайи ин, Сулаймон Одинаев, як сокини 19-солаи ин шаҳр ҳамчун гумонбарӣ асосӣ боздошт ва нисбати 5 ҷавони дигар парвандаи ҷиноятӣ боз шуда буд.

Нисбати Маҳмуд Набиев (ӯ низ дар боздошт буд), Саидраҳмон Раҳмон, Амирҷон Одинаев, Муҳаммадҷони Зайниддин ва Сунатулло Умарзода, ки он вақт гуфта мешуд захмӣ шуда дар беморхона қарор доранд, бо гумони авбошӣ (моддаи 237, қисми 2 ва 3 –и КҶ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Ин банди қонунгузорӣ аз ҷарима то 7 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Бояд гуфт, куштори размикори тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниши тунди ҷомеаро ба бор овард, ки бештари корбарон сатҳи ҷинояткорӣ миёни наврасону ҷавононро ба беназоратии онҳо аз сӯйи волидайнашон рабт доданд.

Ҷузъиёти бештари ин қазияро дар матлаби мо дар ин пайванд мутолиа кунед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.