Дар ҳоле ки зоирони хонаи Худо дар Арабистони Саудӣ ба адои маносики ҳаҷ машғуланд ва имрӯз мусулмонон Иди Қурбонро ҷашн мегиранд, Макка ва Мадина зери чашми дурбинҳову роботҳову ҳушвора қарор гирифтааст.
Ҳаҷи соли 2026 аз ҷиҳати назорати рақамӣ бесобиқа гуфта мешавад. Арабистони Саудӣ бо насби 15 ҳазор дурбин, ҳароратсанҷ ва истифода аз дронҳои назоратӣ, роботҳои фатводеҳ ва тиббӣ, барномаҳои занҷираии “Нусук”, “Саваҳир”, “Басир” ва “Таваккално” мекӯшад амнияти зоиронро таъмин кунад.
Тафсилоти ин назорати куллӣ ва фанновариҳоеро, ки адои ҳаҷҷи зоиронро осон месозанд, дар матлаби таҳиякардаи “Азия-Плюс” бихонед.
Сомонаи куллии дурбинҳо ва назорат
Арабистони Саудӣ барои назорати зоирон аз кадом фанновариҳо истифода мебарад?
Ҳаҷи 2026 аз ҷиҳати назорати фанновариҳои навин бесобиқа аст, аз ин рӯ, зоир бояд бидонад, ки аз лаҳзаи вуруд ба ҳудуди Макка то рафтан – тамоми ҳаракатҳояш зери назорат аст.
Аз ҷумла, зиёда аз 15 000 дурбин дар Макка, ҷойҳои муқаддас ва масирҳои байни онҳо насб шудааст. Дурбинҳо дар теппаҳои атроф ҷойгир шуда, биноҳо, роҳҳо ва масирҳоро дар масофаи зиёда аз 20 километр байни Макка ва кӯҳи Арафот зери назар мегиранд. Танҳо дар Масҷидулҳарам 326 камераи ҳушманд фаъол аст, ки бо як низоми ягона ба 881 ҷаъбаи оташнишонӣ (кран) ва 42 генератори захиравӣ пайваст ва ҳамоҳанг мебошанд.
Дурбинҳои ҳароратсанҷ чӣ вазифа доранд?
Ин дурбинҳо дар Макка ва дигар ҷойҳои муқаддас насб шудаанд ва ҳарорати баданро муайян мекунанд: беморонро ҳатто дар торикии шаб ҳам мешиносанд ва барои ёрирасонӣ ба хадамоти махсус ҳушдор медиҳанд.

Дар бораи барномаҳои “Басир” ва “Саваҳир”
Барномаи “Басир” чист ва чӣ вазифа дорад?
“Басир” барномаи миллии ҳушвораи Арабистони Саудӣ аст, ки аз ҷониби SDAIA (Идораи маълумот ва ҳушвора) дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ таҳия шудааст. Ин низом тасвирҳои зиндаи дурбинҳоро таҳлил, ҷойҳои пурҷамъиятро пешбинӣ ва ҷараёни зоиронро харитасозӣ мекунад. “Басир” дар моҳи Рамазон низ озмоиш шуд: вақте Масҷидулҳарам пур шуд, системаи ҳушвора худкор вуруди дигаронро муваққатан боздошт.
Барномаи “Саваҳир” аз “Басир” чӣ фарқ дорад?
“Саваҳир” ва “Саваҳир Қиёда” низоми ҳушманди таҳлили тасвирҳои мустақими дурбинҳои назоратӣ мебошанд, ки дар тамоми маконҳои муқаддас ва гузаргоҳҳо фаъоланд. Агар “Басир” барои назорати зичии ҷамъият (анбӯҳи одамон) нигаронида шуда бошад, “Саваҳир” ҳамоҳангсозии амалиётро дар маҳал таъмин карда, ба нерӯҳои амниятӣ дар бораи монеаҳои эҳтимолӣ огоҳинома мефиристад. Ҳарду низом аз ҷониби Идораи маълумот ва ҳушвораи Саудӣ (SDAIA) расман тасдиқ шудаанд.

Дар бораи паррандаҳои бесарнишин дар ҳаҷ
Дронҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишини болдор чӣ вазифа доранд?
Дар ин амалиёт ду навъи воситаи ҳавоӣ ба кор гирифта шудааст: дронҳои хурд барои пайгирӣ ва боздошти вайронкунандагони муқаррароти ҳаҷ ва ҳавопаймоҳои бесарнишини болдор барои пешгирӣ аз кӯшишҳои вуруди ғайриқонунӣ сохта шудаанд, ки ин ҳама зери шиори “Ҳаҷ бе иҷозат имконпазир нест” сурат мегирад. Дронҳо имкон медиҳанд, ки дастаҳои амалиётӣ дар ҳамон лаҳза (онлайн) огоҳӣ гирифта, ба маҳалли зарурӣ сафарбар карда шаванд.
Оё дрони махсусе барои муайян кардани хатарҳо низ вуҷуд дорад?
Бале. Сарраёсати мудофиаи маданӣ аз дрони махсусе истифода мекунад, ки вазифааш ошкор кардани моддаҳои химиявӣ ва радиоактивӣ мебошад. Ин дастгоҳ корро дар майдони амалиёт осонтар карда, имкон медиҳад, ки дар сурати сар задани хатар, сохторҳои масъул фавран чораҷӯӣ кунанд.

Фанновариҳои навини шинохти чеҳра ва айнаки ҳушманд
Фанноварии навини шинохти чеҳра чӣ гуна истифода мешавад?
Ин фанноварии навин барои ошкор кардани шахсоне хидмат мекунад, ки мехоҳанд бе иҷозатномаи расмӣ вориди маконҳои муқаддас шаванд. Низоми мазкур ба шабакаи ягонаи амниятии маркази Макка пайваст буда, дар гузаргоҳҳои асосии Ҳарамайн фаъол аст. Бино ба иттилои манбаъҳои расмӣ, ин барнома имкон медиҳад, ки қоидашиканҳо фавран муайян шаванд.
Айнаки ҳушманд ба кормандони амниятӣ чӣ имкониятҳо медиҳад?
Муҳофизони амниятӣ бо айнакҳои ҳушманд таъмин шудаанд, ки тавассути ин фанноварии навин метавонанд рақами иҷозатнома ва маълумоти шиносномаи зоиронро дар ҳамон лаҳзаи санҷиш мустақиман дар оинаи айнак бинанд. Ин фанноварӣ ниёзе ба истифодаи дастгоҳҳои дастӣ надорад ва раванди назоратро ба таври назаррас осону самарабахш мекунад.

Барномаи “Нусук” ва дигар замимаҳои рақамӣ
Барномаи “Нусук” (Nusuk) чӣ гуна хидматрасониҳоро пешкаш мекунад?
Ин замимаи рақамӣ зиёда аз 120 навъи хидматрасониро дар бар мегирад, аз ҷумла: судури иҷозатномаи рақамии ҳаҷ, абзорҳои новбарӣ (навигатсия), пешгӯии обу ҳаво, кӯмаки фаврӣ, дархости ёрии тиббӣ ва муайян кардани самти қибла. Корти ҳушманди “Нусук-корт” маълумоти шахсӣ, таърихи тиббӣ ва рақами телефони зоирро барои тамос дар ҳолатҳои фаврӣ нигоҳ медорад. Ин барнома ҳоло дар 126 кишвари ҷаҳон дастрас аст.
Барномаи “Таваккално” (Tawakkalna) ва “Исъафнӣ” (Aasafny) чист?
Барномаи “Таваккално” тавассути ҳамгироӣ бо замимаи “Тасреҳ” (Tasrih) ба зоирон имкон медиҳад, ки тамоми намудҳои иҷозатномаи ҳаҷро дар телефони худ дошта бошанд. “Исъафнӣ” (Маро наҷот деҳ) бошад, ба зоир имкон медиҳад, ки танҳо бо як ламс кӯмаки фаврии тиббӣ ё амниятӣ дархост кунад. Ҳамчунин, аз соли 2026 “Нусук-корти рақамӣ” мустақиман дар ҳамин барнома нишон дода мешавад ва зоир метавонад ҳатто бе интернет, тавассути намогирифти он аз санҷишҳо гузарад.

Низоми сенсорҳо (ҳассосаҳо) ва сканерҳои ҳушманди “Нусук-карт” чӣ вазифаро иҷро мекунанд?
Вазорати ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ имсол барои нахустин бор низоми сенсорҳо ва сканерҳои ҳушмандро барои “Нусук-корт” фаъол кардааст. Ин фанноварии навин ҳаракати зоиронро дар лаҳзаҳои воқеӣ (онлайн) пайгирӣ карда, равандҳои амалиётиро назорат мекунад ва усули рафтору ҳаракати минбаъдаи одамонро дар маконҳои муқаддас пешгӯӣ кунад. Ин имконият барои муайян кардани зичии анбӯҳи зоирон дар вақти воқеӣ хидмат мекунад.
Дастбандҳои ҳушманд ва назорати тиббӣ
Дастбандҳои ҳушманд чӣ вазифа доранд ва чӣ гуна истифода мешаванд?
Дастбандҳои “Нусук” бо фанноварии GPS ва IoT нишонаҳои ҳаётии зоиронро (набз, оксигени хун ва ҳарорат) онлайн назорат мекунанд. Дар сурати ба вуҷуд омадани хатар, дастгоҳ фавран ба дастаҳои тиббӣ огоҳӣ мефиристад. Ин дастбанд маълумоти шахсӣ ва варақаи эмкунии зоирро низ дорад.

Роботҳои ҳушманду фатводеҳ
Роботҳои фатводеҳ ҳам ҳастанд ва онҳо чӣ кор мекунанд?
Бале, кишвари мизбон чунин роботҳо ҳам дорад. Аз ҷумла, роботи “Манорат-ул-Ҳарамайн 2”барои кӯмак ба зоирони хориҷӣ сохта шуда, ба саволҳои динӣ ва фатвоҳо бо беш аз 11 забон фавран ҷавоб медиҳад. Он бо экрани ламсӣ ва камераҳои баландсифат муҷаҳҳаз буда, инчунин барои ҳалли масъалаҳои мураккаб зоирро тавассути тамоси наворӣ мустақиман бо уламои дин пайваст мекунад.
Вазифаи роботҳои тиббии 5G аз чӣ иборат аст?
Ин роботҳо бо фанноварии 5G ва системи коркарди забони табиӣ (NLP) дар беморхонаҳои Макка фаъолият мекунанд. Онҳо беморонро ба қайд гирифта, бо забонҳои гуногун муошират мекунанд ва ба табибон барои қабули қарорҳои фаврии тиббӣ кӯмак мерасонанд.

Нақлиёт ва идоракунии ҷараёни зоирон
Автобусҳои ҳушманд чӣ гуна кор мекунанд?
Барои интиқоли зоирон беш аз 20 ҳазор автобуси ҳушманд сохта ва ба истифода дода шудааст. Онҳо бо ҳушвора идора мешаванд, ки масирҳои беҳтарин ва ҷадвали ҳаракатро онлайн муайян мекунад. Суръати кор таврест, ки дар сурати пешгӯии роҳбандӣ, масири автобусҳо худкор тағйир меёбад.

Низоми нишонаҳои ранга дар Масҷидулҳарам чӣ аҳамият дорад?
Дар сутунҳои ошёнаи якуми Масҷидулҳарам низоми нави нишонаҳои ранга ва пайгирии ҷуғрофӣ (Smart Maps) ҷорӣ шудааст. Инчунин, 84 лавҳаи самтдиҳӣ насб шудааст, то масоҳати бузурги ибодатгоҳ ба минтақаҳо фаҳмо тақсим шуда, рафтуомади зоирон осон шавад.
Маркази ягонаи амният дар Макка
Маркази назорат дар куҷост ва чӣ кор мекунад?
Маркази ягонаи амниятии амалиётӣ дар Макка ҷойгир аст. Дар ин ҷо коршиносон тавассути харитаҳои рақамӣ, пахши мустақими дурбинҳо ва таҳлилҳои пешгӯикунандаи ҳушвора амнияти ҷамъиятро назорат мекунанд. Ҳадаф ин аст, ки ҳушвора сафари зоирро аз кишвараш то анҷоми ҳаҷ бехатар таъмин созад.

Оё ҳамаи ин низомҳо ба ҳам пайвастаанд? Бале. Тамоми шабакаи назорат – дурбинҳо, барномаҳои “Басир” ва “Саваҳир”, дастбандҳо, дронҳо, автобусҳо ва замимаҳои рақамӣ ба як шабакаи ягона пайвастаанд. Ин сомона бо ҳушвора сохта шудаааст ва аз Маркази ягонаи амниятӣ идора карда мешавад.







