Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

ЧОРАБИНИИ РӮЗ Имрӯз, соати 14:00 дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 60-солагии нашри достони “Мавҷҳои Днепр”-и устод Муъмин Қаноат маҳфили илмиву адабӣ баргузор мешавад. Вуруд озод аст. ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Рӯзи 3-юми июн дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаҳои савдо, хидматрасонии маишӣ ва коммуналӣ таҷлил мешавад. Ин рӯз ҳамчун арҷгузорӣ ба заҳмату хизматрасониҳои […]

ЧОРАБИНИИ РӮЗ

Имрӯз, соати 14:00 дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 60-солагии нашри достони “Мавҷҳои Днепр”-и устод Муъмин Қаноат маҳфили илмиву адабӣ баргузор мешавад. Вуруд озод аст.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи 3-юми июн дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаҳои савдо, хидматрасонии маишӣ ва коммуналӣ таҷлил мешавад. Ин рӯз ҳамчун арҷгузорӣ ба заҳмату хизматрасониҳои доимии ин қишри заҳматкаш муқаррар гардидааст, ки саҳми муҳиме дар рушди инфрасохтор ва беҳбудии сатҳи зиндагии мардум доранд.

Соли 1956 – Канали Дилварзин ба истифода дода шуд. Ин канал дар замони Иттиҳоди шӯравӣ барои обёрии заминҳои ноҳияи Мастчоҳ сохта шуда буд.

Соли 2003 – Дар шаҳри Душанбе мурофиаи додгоҳӣ алайҳи шаҳрванди Италия Иво Тониуто, раиси ташкилоти ҷамъиятии “Душанбе-Лоҷистик” анҷом ёфт. Ӯ ба пардохти ҷарима дар ҳаҷми 1200 нишондиҳанда маоши ҳадди ақал маҳкум гардид.

Соли 2012 – Намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон бо шаҳрвандони кишвар, ки дар зиндони “Пули Чархӣ” дар Кобул адои ҷазо мекарданд, мулоқот анҷом доданд. 

Соли 2019 – Дар шаҳри Душанбе Нахустин Пойгоҳи интерактивии соҳибкор бо соҳибкор –  B2B (business to business – тиҷорат барои тиҷорат)  бо ҳузури намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, соҳибкорон, шарикони рушд, сармоягузорони хориҷӣ ва корхонаю ширкатҳои тавлидотии Тоҷикистон муаррифӣ гардид.

ШАХСИЯТҲО

Соли 1909 – Мавлуди Раҳим Ҷалил, нависанда, тарҷумон ва драманависи тоҷик.

Раҳим Ҷалил

Раҳим Ҷалил яке аз нависандагони забардасти роману ҳикоянигор эътироф шудааст. Ӯ аввал дар мактаби куҳна, баъди Инқилоби октябр дар мактаби шӯроӣ таҳсил гирифта, соли 1927 синфи ҳафтум, баъдтар курси кӯтоҳмуддати омӯзгориро хатм кардааст.

Аз соли 1931 ба рӯзноманигорӣ машғул шуда, бештар аз 20 сол дар рӯзномаҳои “Пролетари Хуҷанд”, “Ҳақиқати Ленинобод”, “Тоҷикистони Сурх” ва маҷаллаи “Садои Шарқ” кор кардааст. Солҳои 1952-1989 котиби масъули шуъбаи Ленинободи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Раҳим Ҷалил ба саҳнаи адабиёт бо шеърнависӣ ворид шуда, баъдан асосан осори мансур офаридааст. Маъруфтарин романҳои ӯ “Одамони ҷовид” ва “Шӯроб” мебошанд, ки номи нависанда ба василаи эҷоди ин романҳо ҷовидона гардидааст.

Ӯ ҳамчунин як қатор осори саҳнавӣ ҳам офаридааст, ки аз рӯйи навиштаҳояш намоишномаҳои “Фарҳоду Ширин”, “Санавбар”, “Зани 96-ум”, “Ду вохӯрӣ”, “Дили шоир” ва ғ. Рӯйи саҳна омадаанд.

Раҳим Ҷалил 10-уми октябри соли 1989 дар 80-солагӣ даргузашт.

Соли 1962 – Зодрӯзи Шавкат Бобозода, вазири пешини саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон.

Шавкат Бобозода

Шавкат Бобозода солҳои 1999—2004 дар вазифаҳои директори маркази шуғли аҳолии шаҳри Бӯстони, сардори идораи меҳнат, масъалаҳои иҷтимоии вилояти Суғд ва солҳои 2004—2012 ҳамчун муовини раиси вилояти Суғд, раиси шаҳри Бӯстон кор кардааст.

Аз моҳи январи соли 2012 дар вазифаи мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 2013—2019 вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон буд.

Соли 2019 ба симмати директори сохтори навтаъсиси Агентии содироти Тоҷикистон нишаст. Ин ниҳод соли 2018 таъсис шуда, содироти маҳсулотро аз кишвар назорат мекунад.

Соли 2022 замоне ки ҳамчун роҳбари ин ниҳод кор мекард, аз сӯи мақомот боздошт гардид ва бар зидди ӯ бар пояи банди 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноӣ (қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон) парванда кушодаанд.

Моҳи январи соли 2023 баъди барқарор кардани зарар дар ҳаҷми 280 ҳазор доллар, ӯ бо қарори додгоҳ 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 128 ҳазор сомонӣ ҷарима ва озод шуд.

Соли 1989 – Бурҳон Тӯраев, ҳунарпеша ва сарояндаи хизматнишондодаи тоҷик дар синни 80-солагӣ даргузашт.

Соли 1993 – Зодрӯзи Шаҳриёр Ахмедов, муштзани тоҷик, Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ.

Соли 1996 – Воҳид Асрорӣ, фолклоршинос, адабиётшиноси шинохтаи тоҷик дар 78-солагӣ даргузашт.

Воҳид Асрорӣ

Воҳид Асрорӣ фолклоршинос ва аз устодони журналистика тоҷик аст. Гуфта мешавад, ки маҳз бо талошу пешниҳоду навиштаҳои тадриҷии ӯ ва ҳамақидаҳояш соли 1967 бахши омӯзиши тахассусии рӯзноманигорӣ таъсис ёфт.

Воҳид Асрорӣ то рӯзи фавт (соли 1996) дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба сифати мудири кафедраи матбуот фаъолият дошт. Аммо ҳамзамон ӯ ба шогирдон аз фанни адабиётшиносӣ, фолклоршиносӣ дарс мегуфт.

Асрорӣ муаллифи маҷмӯаҳои “Салом мактаб”, “Ҳардуяшон нағз”, “Шарораҳо” ва ғайра буда, барои мактабҳои миёна ва барои мактабҳои олӣ китобҳои дарсӣ таълиф намудааст.

Муаллифи китобҳои дарсии “Забони тоҷикӣ” барои синфҳои 1, 2, “Забони тоҷикӣ” барои ҷаласаводон буда, асарҳои шоирону нависандагони халқҳои дигарро ба тоҷикӣ баргардонидааст.

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

3-юми июн Рӯзи ҷаҳонии дучарха мебошад. Онро Маҷмаи Умумии СММ моҳи апрели соли 2018 расман эълон кардааст. Ҳадафи ин рӯз тарғиби истифодаи дучарха ҳамчун воситаи рушди устувор, таҳкими тарбияи ҷисмонӣ ва маърифат, ҳифзи саломатӣ, пешгирии бемориҳо, таҳаммулгароӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми тарафайн ва ташаккули фарҳанги сулҳ аст.

3 июн Рӯзи таъсисёбии дастаи футболи машҳури англисӣ – “Ливерпул” ба шумор меравад. Соҳибкор Ҷон Холдинг, ки асосгузори клуб маҳсуб мешавад, дастаи худро аз футболбозони касбии шотландӣ ташкил намуда, онро дар зодгоҳаш таъсис дод. Рӯзи 3-юми июни соли 1892 Анҷумани футболи Англия клубро расман ба қайд гирифт.

“Ливерпул” аввалин бор унвони қаҳрамонии Англияро дар мавсими 1900/01 ба даст овард. То имрӯз клуб яке аз пурифтихортарин дастаҳои футболи Бритониё ба ҳисоб меравад. Дар маҷмӯъ, “Ливерпул” 13 ҷоми аврупоиро ба даст овардааст, ки он пас аз “Реал Мадрид”, “Милан” ва “Барселона” ҷои чорумро ишғол мекунад.

Дар соли 2020, тибқи пажӯҳиши “CIES Football Observatory”, “Ливерпул” гаронтарин ҳайати бозигаронро дар миёни клубҳои Аврупо доро буд.

3 июни соли 1965 кайҳоннаварди амрикоӣ Эдвард Уайт аввалин шаҳрванди ИМА ва дуюмин инсон дар ҷаҳон гардид, ки ба фазои кушод баромад. Ӯ дар фазо 36 дақиқа қарор дошт ва барои ҳаракат аз дастгоҳи реактивии дастӣ истифода бурд. Дарозии умумии парвози ӯ 4 рӯзро дарбар гирифт.

Дар моҳи январи соли 1967 ҳангоми машқи омодагӣ дар киштии кайҳонӣ сӯхтор ба амал омад ва Уайт бо дигар аъзои экипаж ҳалок гардид. Ӯ пас аз марг бо Медали фахрии кайҳонии Конгресси ИМА сарфароз гардонида шуд.

Имрӯз, 3 июн, ҳамчун Рӯзи ихтирои парашют пазируфта шудааст. Эскизи аввалини парашютро Леонардо да Винчи ҳанӯз соли 1483 таҳия карда буд. Гарчанде ки ин намуна ба парашюти муосир шабоҳат дошт, набудани зарурати амалии истифодаи он монеаи татбиқи таҷрибавии он гардид.

Аввалин шахсе, ки парашютро сохта ва санҷида буд, физики фаронсавӣ Ленорман маҳсуб мешавад. Ӯ ба он номи “парашют” дод (аз калимаи юнонии “пара” – муқобил ва фаронсавии “шюте” – афтодан). Аммо то дергоҳ ҳавонавардон онро истифода намекарданд.

3 июни соли 1785 ҳавонаварди фаронсавӣ Франсуа Бланшар дар Лондон парашюти сохтаи худро намоиш дод. Дар ибтидо барои озмоиш ҳайвонотро истифода мебурданд. Аввалин инсон, ки бо парашют аз болони ҳавоӣ ҷаҳиш кард, аэронавти фаронсавӣ Андре-Жак Гарнерен буд. 22 октябри соли 1797 ӯ аз баландии 400 метр дар болои боғи Монсо дар Париж ҷаҳид. Ин амал аввалин ҷаҳиши парашютӣ дар таърихи Аврупо гардид.

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Ҳарорати ҳаво дар рӯзона 27+32 дараҷа, шабона 15+20 дараҷа дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 16+21 ва шабона 3+8 дараҷа гарм мешавад. 

Дар вилояти Хатлон Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо рӯзона 30+35 ва шабона 18+23 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 20+25 ва шабона 11+16 дараҷа гарм мешавад. 

Дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят рӯзона 22+27 ва шабона 11+16 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 10+15 ва шабона 0+5 дараҷа гарм мешавад.   

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо рӯзона 27+32 ва шабона 16+21 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 21+26 ва шабона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, шабона асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Ҳарорати ҳаво рӯзона 30+32 ва шабона 19+21 дараҷа гарм мешавад. 

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Ҳарорати ҳаво рӯзона 30+32 ва шабона 18+20 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Ҳарорати ҳаво шабона рӯзона 34+36 ва шабона 21+23º дараҷа гарм мешавад.  

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорати ҳаво рӯзона 23+25 ва шабона 3+5 дараҷа гарм мешавад. 

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 3 ба 4-юми июн ба ҳисоб гирифта шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".