Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар ҳоле аз эҳтимоли созиш бо Эрон дар ҳафтаи оянда ҳарф зад, ки дар пайи ҳамлаҳои шадиди Исроил ба Лубнон дар шаби гузашта, идомаи музокироташ бо Теҳрон зери суол рафт. Эрон эълон кард, ки агар ҳамлаҳои Исроил ба Лубнон идома ёбад, мубодилаи паём бо Амрикоро қатъ мекунад. Баъди ин Трамп бо Бенямин Натаняҳу, нахуствазири Исроил тамос гирифт ва ӯро водор ба оташбас бо “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон кард. Вале пас аз ин ҳам даргирӣ миёни ду тараф идома ёфт.

Пас аз воқеаҳои шаби гузашта раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо  шабакаи “ABC” гуфтааст, ки музокироташ бо Эрон идома хоҳад ёфт ва бовар дорад, ки “дар давоми ҳафтаи оянда” дар мавриди тамдиди оташбас ва боз кардани тангаи Ҳурмуз, миёни Вашингтону Теҳрон созиише ҳосил мешавад. Ӯ афзудааст, ки ҳанӯз ин созишномаро қабул накардааст, зеро “чанд нуктаи дигар” бояд мувофиқа шавад.

Ӯ бо ишора ба норизоиятии Эрон нисбат ба ҳамлаҳои Исроил дар Лубнон гуфтааст, ки “имрӯз як мушкили хурде пеш омад, аммо тавре ки шумо эҳтимол пай бурдед, ман онро хеле зуд ҳал кардам”.

“Ман бо “Ҳизбуллоҳ” сӯҳбат кардам ва гуфтам, ки тир напарронед. Бо Бибӣ (Натаняҳу) ҳам тамос гирифтам ва гуфтам, ки тир напарронед. Ҳарду ҷониб шиллик ба якдигарро бас карданд”, – афзудааст ӯ.
Доналд Трамп ва Бенямин Натаняҳу. Акс аз манбаъҳои боз

Доналд Трамп пеш аз ин, дар фиристае дар саҳифаи “Truth Social”-и худ навишта буд, ки бо нахуствазири Исроил “суҳбати созанда”-е доштааст ва Исроил “ҳеҷ сарбозеро ба Байрут намефристад. Ҳамчунин, ҳама сарбозоне, ки дар роҳ буданд, баргаштанд”.

Ӯ дар ин нигошта ҳам аз тамос бо “Ҳизбуллоҳ” “тавассути намояндагони баландпоя” хабар дод ва гуфт, ду тараф “ба қатъи ҳама гуна тирпарронӣ розӣ шуданд. Исроил ба онҳо ҳамла нахоҳад кард ва онҳо ба Исроил ҳамла нахоҳанд кард”.

Тамоси Трамп бо Натаняҳ баъди он сурат гирифт, ки Эрон эълон кард, агар ҳамлаҳои Исроил ба Лубнон идома ёбанд, мубодилаи паём бо Амрико тавассути миёнҷиҳоро қатъ мекунад.

Аз ҷумла, Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси парлумони Эрон, ки раиси ҳайати музокиракунандаи Эрон бо Амрикоро аст, изҳор дошт, ки “дар ду рӯзи гузашта бо ҷиддият таваққуфи ҳамлаҳои Исроилро дунбол кардаем ва агар ҷиноятҳо идома ёбанд, мо на танҳо музокиротро қатъ хоҳем кард, балки дар муқобили режими саҳюнистӣ (Эрон ҳукумати Исроилро чунин нома мебарад, аз идора) низ хоҳем истод”.

Ба гузориши хабаргузории Форс, ки Қолибоф ин ҳарфҳоро дирӯз дар як тамоси телефонӣ бо Набиҳ Беррӣ, раиси парлумони Лубнон баён кардааст.

Муҳаммадбоқир Қолибоф. Акс аз Reuters

Қароргоҳи марказии “Хотамуланбиё”-и Сипоҳи посдорони Эрон ҳам ба сокинони шимоли Исроил ҳушдор дод, ки дар сурати бомбборони Зоҳия ва Бейрут аз сӯйи Исроил, “агар намехоҳанд, ки осеб бинанд, ин минтақаро (шимоли Исроилро) тарк кунанд”.

Ба гузориши расонаҳо, пас аз ин гузоришҳо Трамп зери фишори фурӯпошии оташбас бо Нетаняҳу тамос гирифта, масъалаи қатъи ҳамлаҳо ба Лубнонро матраҳ кардааст. Пеш аз ин нахуствазири Исроил дастури ҳамла ба Бейрутро дода буд.

Ҳамчунин, шаби гузашта дафтари раёсати ҷумҳурии Лубнон эълон кард, ки мақомоти ин кишвар “тасдиқи мувофиқати “Ҳизбуллоҳ” ба пешниҳоди Амрико дар бораи қатъи мутақобилаи ҳамлаҳо” бо Исроилро гирифтаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, гуфтушунидҳо рӯзҳои сешанбе ва чоршанбе “барои баррасии ин пешрафт ва тақвияти он” ба нақша гирифта шудаанд.

Ба гузориши хабаргузории расмии Лубнон, артиши Исроил якчанд маконро дар ҷануби ин кишвар, аз ҷумла, деҳаҳои Марвония, Сиддиқин, Яътар ва Мансурӣ, ҳадаф қарор додааст. Дар ин гузориш гуфта мешавад, дар шаҳри Диббини Лубнон ҳам таркиши сахте шунида шудааст.

Дар ҳамин ҳол, артиши Исроил дар соатҳои аввали рӯзи сешанбе эълон кард, ки ду мушакеро, ки аз Лубнон ба самти шимоли Исроил ҳаракат мекарданд, боздоштааст.

Эрон ва Амрико ҳоло дар вазъияти оташбас қарор доранд ва ҳафтаҳо боз барои хатми ҷанге, ки Иёлоти Муттаҳида ва Исроил онро оғоз карданд, музокира мекунанд, аммо дар ин муддат даргириҳои пароканда миёни ҷонибҳо идома доштааст.

Ҷанг дар Эрон, ки бо ҳамлаи Амрикову Исриол дар 28-уми феврал оғоз шуда, бо посухи Теҳрон ба Исроил ва мавзеъҳои Иёлоти Муттаҳида дар кишварҳои арабӣ идома кард, боиси кушта шудани ҳазорҳо нафар, асосан дар Эрон ва Лубнон гардид.

Ин низоъ сабаби баста шудани тангаи Ҳурмуз ҳам шуд, ки ҳоло бӯҳрони бузурги энерҷиро дар ҷаҳон ба вуҷуд овардааст.

Ин ҳама танишу ҷанг ва муҳосираву талоши бозкушоии тангаи Ҳурмуз кай ва чаро оғоз шуд ва вазъи кунунӣ дар Ховари Миёна чист, дар ин пайванд хонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?