Додситонии шаҳри Гулистон ба таҳқиқи ҷон бохтани як кӯдаки 10-сола ва захмӣ шудани 5 тифли дигар дар пайи канда шудани “батут” дар ин шаҳр оғоз кардааст. Дар ин бора Илҳом Пӯлотзода, раиси шаҳри Гулистон ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Бегоҳии 1-уми июн дар пайи канда шудани “батут” дар канори “Баҳри Тоҷик” дар шаҳри Гулистон як кӯдаки 10-сола ҷон бохта, 5 тифли дигар маҷрӯҳ ва бемористон бистарӣ шудаанд.
Ориф Нозимиён, сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода (КҲФ) бо тасдиқи ин хабар ба “Азия-Плюс” гуфт, сабаби ҳодиса шамоли сахт аст.
“Бар асари шамоли сахт “батут” (лимпопо), ки барои бозии кӯдакон насб шуда буд, аз замин канда шуда, бод онро ба сӯи баҳр бурдааст. Дар пайи ин, 6 кӯдак захмӣ шуданд, ки мутаасифона, дар беморхона, 1 тани онҳо ҷони худро аз даст дод”, – гуфт ӯ.
Аз кӯдаки ҷонбохта Манучеҳр Музаффарзодаи 10-сола, сокини шаҳри Конибодом ном бурданд

Илҳом Пӯлотзода кӯтоҳ ба мо гуфт, ки кӯдакони осебдида ба маносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷамъ омада буданд.
“Ҳоло вазъи саломатии 5 кӯдаке, ки дар беморхона ҳастанд, хуб аст. Додситонии шаҳри Гулистон ба таҳқиқи ҳодиса оғоз кардааст. Ҷойи бозикунии кӯдакон хусусӣ буд”.
Назари соҳиби “батут” ва волидайни кӯдакон дар робита ба ин қазия маълум нест.
Бояд гуфт чанд рӯзи охир бар асари шамоли сахт дар Тоҷикистон даҳҳо дарахт решакан шуда, болопӯши баланошёнаҳо осеб диданд. Аз ҷумла, дар пайи шамоли сахт дар шаҳри Хуҷанд, як пуфаки бодӣ аз назорат берун шуда, ба болои боми чанд хона суқут кард, ки боиси осеб дидани се кас шуд.
Ин ҳодиса низ бегоҳии 1-уми июн дар назди театри ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд рух дода ва балон ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон аз ҷониби ширкати “Фаровон” аз Ӯзбекистон барои шод кардани меҳмонон ба маҳфил оварда шуда буд.
Ҷузъиёти бештари ин ҳодисаро дар ин пайванд мутолиа кунед.








