ЧОРАБИНИИ МУҲИМ
Имрӯз, соати 13:45 дар меҳмонхонаи “Румӣ”-и шаҳри Душанбе нишасти матбуотии бозии дӯстона миёни мунтахабҳои миллии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор мегардад.
Ба саволҳои рӯзноманигорон сармураббиёни ҳарду даста – Игор Ангеловский (Тоҷикистон) ва Халид Ҷамил (Ҳиндустон), ҳамчунин як нафар бозигар аз ҳайати ҳар як мунтахаб посух хоҳанд дод.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 2002 – Таҳти раёсати Сайдамир Зуҳуров, муовини сарвазири вақт нахустин ҷаласаи Комиссияи миллии ҳуқуқи инсон баргузор гардид.
Соли 2011 – Расул Боқиев, ҷудокори тоҷик медали тиллои Ҷоми ҷаҳонии ҷудоро, ки дар шаҳри Бухарести Руминия баргузор шуд, ба даст овард.
Соли 2016 – Дар шаҳри Ваҳдат корхонаи коркарди маъдан “Покрӯд” ба фаъолият шуруъ кард.
Соли 2020 – Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи ситоди зидди “COVID-19” пешниҳод кард, ки барои риоя накардани реҷаи ниқобпӯшӣ ва қоидаҳои фосилаи иҷтимоӣ ҷазо ҷорӣ карда шавад.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1927 – Мавлуди Бобо Худойдодов, адабиётшинос, рӯзноманигор ва тарҷумони тоҷик.
Соли 1937 – Зодрӯзи Розия Акобирова, ҳунарпешаи тоҷик.
Соли 1949 – Мавлуди Ҷунайдулло Насруллоев, ходими ҷамъиятӣ, соҳибкор.
Соли 1954 – Зодрӯзи Шариф Саид, раиси пешини Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон.
Соли 1975 – Мавлуди Муаттара Ҷӯраева, муҷрии пешини телевизиони Тоҷикистон.

Муаттара Ҷӯраева дар гузашта аз гӯяндагони маъруфи шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон буд. Ӯ соли 2000, вақте 25 сол дошт, мудири шӯъбаи наттоқони телевизиони давлатии Тоҷикистон таъйин шуд. Тайи 12 сол дар шабакаи аввали телевизиони давлатӣ наттоқи барномаи “Ахбор” ба забонҳои русиву тоҷикӣ ва ҳам муҷрии намоишҳои телевизиони “Субҳ” буд.
Вай дар интихоботи порлумонии соли 2005 аз ҳавзаи Ашт, зодгоҳи падараш номзад шуд, то аз ин тариқ ба Маҷлиси намояндагон роҳ ёбад. Интихоботи ҳамон сол дар Ашт ба даври дувум кашонда шуд, вале мақомот гуфтанд, дар даври дувум ӯ раъйи кам ба даст овардааст.
Баъд аз ин, ӯ тарки кори телевизион кард ва ба тиҷорату нашри маҷаллаи “Ҷаҳоннамо” рӯ овард.
Маъмурони Оҷонсии зиддифасод дар Тоҷикистон ӯро соли 2014 дастгир карда, ба қаллобӣ муттаҳам карданд. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ӯро моҳи марти соли 2015 ба 9 соли зиндон маҳкум кард. Баъдтар ҷазои ӯ сабуктар ва соли 2019 аз зиндон озод шуд.
Соли 2024 – Марворид Қосимова, ҳунарпеша, коргардон ва филмноманависи тоҷик дар 86-солагӣ аз олам чашм баст.

Марворид Қосимова соли 1962 Институти давлатии умумиитифоқи кинематографияи шаҳри Маскавро ба итмом расонда, қариб 30 сол дар “Тоҷикфилм” ба сифати коргардон кор кардааст. Ӯ дар даврони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон кишварро тарк кард ва 30 соли охир дар Беларус зиндагӣ мекард. Вай дар шаҳри Минск ҳам ба фаъолияти эҷодии хеш идома дода, корманди “Белорусфилм” буд ва дар ин кишвар низ қариб 10 филми бадеиву ҳуҷҷатӣ сабт кардааст.
Дар “Тоҷикфилм” ҳам маҳсули кораш зиёд аст. Филмҳои бадеиаш – “Тобистони соли 43-юм”, “Ҷӯра-Саркор”, “Роҳҳо гуногун мешаванд”, “Чор нафар аз Чорсанг” (2 қисм), “Бофандадухтар”, “Буд-набуд, дар синфи якум буд”, “Марди мутааллиқи ду зан”, “Ишқ баъди сад сол” дар синамои тоҷик ҷои хос доранд.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз ҳамчун Рӯзи байналмилалии кӯдаконе таҷлил мегардад, ки қурбони ваҳшату таҷовуз шудаанд. Ин рӯз ба хотираи ҳамлаи ҳавоии неруҳои Исроил ба шаҳри Бейрут ва чандин маҳалли дигар дар Лубнон, ки рӯзи 4 июни соли 1982 рух дод, таъсис ёфтааст. Дар натиҷаи он ҳамлаҳо шумораи зиёди шаҳрвандони осоишта, аз ҷумла кӯдакон ба ҳалокат расиданд.

4 июни соли 1800 сохтмони Кохи Сафед дар Вашингтон ба поён расид. Ин бино, ки қароргоҳи расмии президенти Амрико аст, дар маркази Вашингтон, дар хиёбони Пенсилвания ҷойгир мебошад.
Лоиҳаи меъмории онро Ҷеймс Хобан таҳия кардааст. Гузашта аз ин, интихоби макони сохтмон ба таври шахсӣ аз ҷониби нахустин президенти ИМА Ҷорҷ Вашингтон сурат гирифтааст.

Нахустин сокинони Кохи Сафед президенти дуюми ИМА Ҷон Адамс ва ҳамсараш Абигайл Адамс буданд.
Соли 1922 дар ин рӯз шумораи аввали маҷаллаи ҳаҷвии “Крокодил” ба нашр расид. Дар оғоз он ҳамчун замимаи “Газетаи коргарӣ” чоп мешуд ва ройгон ба муштариён ҳамроҳ бо шумораҳои якшанбеи рӯзнома ирсол мегардид.

ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Танҳо шабона дар водиҳо бебориш дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо рӯзона 26+31 ва шабона 15+20 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 14+19 ва шабона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо рӯзона 31+36 ва шабона 18+23 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 21+26 ва шабона 11+16 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Танҳо шабона дар водиҳо бебориш дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо рӯзона 25+30 ва шабона 14+19 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 11+16 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят, рӯзона 12+17 ва шабона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Ҳарорати ҳаво рӯзона 28+30 ва шабона 16+18 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Ҳарорати ҳаво рӯзона 29+31 ва шабона 17+19 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, шабона асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Ҳарорати ҳаво рӯзона 33+35 ва шабона 21+23 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Хоруғ. – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Ҳарорати ҳаво рӯзона 24+26 ва шабона 12+14 дараҷа гарм мешавад.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 4 ба 5-юми июн ба ҳисоб гирифта шудааст.







