Э.Раҳмон бинобар вазъи бӯҳронии мавҷуда дар ҷумҳурӣ аз сафар ба Русияву Аврупо даст кашид

Душанбе. 2-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Хабргузории Интерфакс бо истинод ба роҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Давлат Назрӣ иттилоъ медиҳад, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафар ба Маскав, ки аввали моҳи феврал бояд ба вуқӯъ мепайваст, даст кашидааст. Шоми дирӯз бояд Э.Раҳмон ба Маскав меомад ва имрӯз бо сарвари давлати Русия мулоқот […]

root


Душанбе. 2-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Хабргузории Интерфакс бо истинод ба роҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Давлат Назрӣ иттилоъ медиҳад, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафар ба Маскав, ки аввали моҳи феврал бояд ба вуқӯъ мепайваст, даст кашидааст. Шоми дирӯз бояд Э.Раҳмон ба Маскав меомад ва имрӯз бо сарвари давлати Русия мулоқот меорост.





           

Хабаргузорӣ дар таърихи 31-уми январ иттилоъ медиҳад, ки сарвари давлати Тоҷикистон дар нишастҳои ғайринавбатии сарони давлатҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) ва Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки баргузории онҳо рӯзи 4-уми феврал дар шаҳри Маскав пешбинӣ шудаанд, низ ширкат нахоҳад варзид.




           

«Бинобар вазъи мушкили мавҷуда ба иллати бӯҳрони энергетикӣ дар кишвар, сафарҳои президенти Тоҷикистон то 10-уми феврал мавқуф гузошта шуданд», – гуфт Д.Назрӣ. Аз хадамоти ташрифоти (протоколии)

 

вазорати умури хориҷии Тоҷикистон низ ба хабаргузории Интерфакс ин хабарро тасдиқ кардаанд.




           

Ёдовар мешавем, пас аз сафари зикршуда ба Маскав Э.Раҳмон ният дошт аз кишварҳои соҳили Балтика боздид ба амал оварад. Рӯзҳои 11-12-уми феврал иштироки президенти Тоҷикистон дар кори ҷаласаи Комиссияи Аврупо дар Брюссел дар назар аст. «Дар тамоми муддати фаъолияти худ ба ҳайси президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ягон бор аз иштирок дар нишастҳои ИДМ, СҲШ, СААД ва ЕврАзЭС сарфи назар накарда буд», – оварда мешавад дар иттилои хабаргузории Интерфакс.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.