Президенти Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар нишастҳои СААД ва ЕврАзЭС озими Маскав мешавад

Душанбе. 31-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 4-уми феврал дар иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар шаҳри Маскав иштирок хоҳад кард. Тавре робари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, худи ҳамон рӯз Э.Раҳмон инчунин дар ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии […]

Виктория Наумова


Душанбе. 31-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 4-уми феврал дар иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар шаҳри Маскав иштирок хоҳад кард.




Тавре робари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, худи ҳамон рӯз Э.Раҳмон инчунин дар ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар сатҳи сарони кишварҳои аъзо низ ширкат хоҳад варзид.



Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё масъалаҳои таъсиси Фонди зиддибӯҳронӣ ва Маркази технологияи муосир дар чаҳорчӯбаи иттиҳод мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Ба иттиҳоди иқтисодии Авруосиё кишварҳои Русия, Белорус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон шомил мебошанд. Соли гузашта Ӯзбекистон аз узвият ба ин иттиҳод даст кашид.




 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.