Дар қаламрави ҷумҳурӣ аъзои гурӯҳи ошӯбгари Маҳмуд Худойбердиев боздошт шуд

Date:



           

Душанбе. 5-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар ноҳияи Ҳисор аъзои гурӯҳи ошӯбгари Маҳмуд Худойбердиев – Тағоймурод Иброҳимови 48-сола боздошт шуд, ки ба содир намудани як қатор ҷиноёти вазнин дар қаламрави ноҳияҳои тобеи марказ гумонбар дониста мешавад.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти қудартии кишвар иттилоъ доданд, боздоштшуда моҳи январи соли 1996 ва моҳҳои январ-августи соли 1997 дар як қатор амалиёти ҷинояткоронаи гурӯҳи Маҳмуд Худойберидиев иштирок доштааст.




           

Бино ба иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, шурӯъ аз оғози сол дар Тоҷикистон 7 нафар собиқ узви гурӯҳи Маҳмуд Худойбердиев боздошт шудаанд, ки дар содир намудани 33 ҷиноят, аз ҷумла 13 куштор, 4 далели гаравгон гирифтан, амалҳои террористӣ, ғоратгарӣ, авбошӣ ва ғайра гунаҳкор дониста мешаванд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related