А.Иброҳимов: Занону духтарони тоҷики ғулом дар мамолики араб аз Тоҷикистон ба ин кишварҳо сафар намекунанд

            Душанбе. 5-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Чанд рӯз қабл муовини сарвари кулли КВД «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» Азиз Иброҳимов дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки занону духтарони тоҷике, ки дар мамолики араб дар ғуломӣ ба сар мебаранд, ба он ҷо аз кишварҳои дигар ворид мегарданд, зеро дар Тоҷикистон ба занону духтарони синну соли то 30-сола […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 5-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Чанд рӯз қабл муовини сарвари кулли КВД «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» Азиз Иброҳимов дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки занону духтарони тоҷике, ки дар мамолики араб дар ғуломӣ ба сар мебаранд, ба он ҷо аз кишварҳои дигар ворид мегарданд, зеро дар Тоҷикистон ба занону духтарони синну соли то 30-сола сафар ба ин кишварҳо бидуни ҳамроҳии наздиконашон манъ карда шудааст. «Чораи мазкур бо мақсади пешгирии харидуфурӯши ғайриқонунии занону духтарон, ки дар ҷаҳон аз рӯи даромад пас аз қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир ба ҷойи саввум баромадааст, роҳандозӣ гардид», – гуфт ӯ.





           

Ба гуфтаи А.Иброҳимов, тайи соли ахир чанде аз ин занону духтарон аз асорати ғуломӣ озод гардида, гутфаанд, ки аз шаҳрҳои Маскав, Бишкек ё Алмаато ба ин кишварҳо раҳсипор шудаанд.




           

Ҳамасола дар саросари дунё аз 600 ҳазор то 4 млн. нафар занону духтарон мавриди харидуфурӯши ғайриқонунӣ қарор мегиранд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.