Соли ҷорӣ «Ширкати алюминийи тоҷик» истеҳсоли 377 ҳазор тонна алюминийро ба нақша гирифт

            Душанбе. 5-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нимсолаи авали соли ҷорӣ «Ширкати алюминийи тоҷик» (Талко) беш аз 185 ҳазор тонна алюминийи аввалия истеҳсол кард, ки нисбат ба ҳамин дапвраи соли гузашта 18,3 дарсад камтар аст.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ иттилоъ доданд, соли ҷорӣ ширкати […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 5-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нимсолаи авали соли ҷорӣ «Ширкати алюминийи тоҷик» (Талко) беш аз 185 ҳазор тонна алюминийи аввалия истеҳсол кард, ки нисбат ба ҳамин дапвраи соли гузашта 18,3 дарсад камтар аст.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ иттилоъ доданд, соли ҷорӣ ширкати мазкур истеҳсоли 377 ҳазор тонна алюминийро ба нақша гирифтааст. «Алюминий маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон буда, коҳиши арзиши он дар бозори ҷаҳонӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи қариб 40 дарсад ба таври қобили мулоҳиза ба коҳиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон дар ин давра боис гардид», – гуфт манбаъ.




           

Бино ба иттилои манбаъ, дар бозори ҷаҳонӣ арзиши алюминий дар ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазор доллари ИМА барои 1 тоннаро ташкил медод, вале имрӯз арзиши як тоннаи он то 1820 $ поин рафтааст. «Коҳиши ҳаҷми алюминий ҳамчунин ба камбуди нерӯи барқ ва гази табиӣ низ вобста аст», – афзуд сарчашма.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.