Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо ҳамтоҳои афғонии худ мулоқот орост

            Душанбе. 5-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид бо ҳайати Афғонистон таҳти роҳбарии раиси Палатаи савдову саноати ин кишвар Қурбон Муҳаммади Ҳақҷӯ масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба мариди баррасӣ қарор гирифтанд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 5-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид бо ҳайати Афғонистон таҳти роҳбарии раиси Палатаи савдову саноати ин кишвар Қурбон Муҳаммади Ҳақҷӯ масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба мариди баррасӣ қарор гирифтанд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти ПСС ҶТ иттилоъ доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ Ш.Саид изҳор доштааст, ки ба туфайли ифтитоҳи пулҳои нав дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ ва роҳандозии алоқаи ҳавоӣ миёни кишварҳо, ахиран ҳаҷми муомилоти молии дуҷониба ба таври қобили мулоҳиза афзуда, ҳамчунин як қатор корхонаҳои муштарак таъсис ёфтанд.




           

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омори ҶТ, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон ҳудуди 40 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 24,2 дарсад камтар аст. Дар ин давра аз Тоҷикистон ба Афғонистон ба маблағи каме зиёдтар аз 16 млн. $ маҳсулот содир гардида, аз Афғонистон ба ҷумҳурии мо дар ҳаҷми ҳудуди 23 млн. $ маҳсулот ворид карда шудааст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.