Бо дастгирии Дафтари САҲА дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ чорабиниҳои зиддинашъамандӣ доир мегарданд

Date:



           

Душанбе. 3-юми август. ОИ «Азия-Плюс» – Бо дастгирии Дафтари САҲА дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон чорабиниҳои зиддинашъамандӣ гузарнида мешаванд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шӯъбаи муомилоти қонунии маводи мухаддир ва пешгирии нашъамандии агентии мазкур Алишер Ташрифов иттилоъ дод, баргузории чорабиниҳои пешгирии нашъамандӣ 6-уми август аз ноҳияи Истаравшан оғоз гардида, сипас дар ноҳияҳои минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ва ҳашт ноҳияи вилояти Хатлон идома меёбанд ва ахири моҳи август дар гурӯҳи ноҳияҳои Рашт ба анҷом мерасанд. «Ҳадаф аз баргузории чорабиниҳои мазкур – коҳиши миқёси паҳншавии маводи мухаддир ва мизони ҷинояткории ба он марбута тавассути таблиғи тарзи ҳаёти солим ва ба ин кор сафарбар намудани аҳолӣ мебошад», – гуфт ӯ.




           

Бино ба иттилои манбаъ, ба беш аз 10 ҳазор нафар аҳолии минтақаҳо оид ба оқибатҳои фоҷеабори ба нашъамандӣ гирифтор шудан ва даст ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир задан маълумоти муафассал дода хоҳад шуд, ки он ба коҳиши нашъамандӣ ва ҷиноёт мусоидат хоҳад кард. «Ба ҳайати гурӯҳҳои таблиғотӣ кормандони Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, АНМН, мақомоту идораҳои дахлдор, намояндагони маҳфилҳои эҷодӣ ва аҳли ҷомеа шомиланд», – афзуд Ташрифов.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...