Дар Қайроққум барои намояндагони хадамоти мутааллиқ ба ҳифзи марзи Тоҷикистону Қирғизистон семинар доир гардид

Date:



           

Душанбе. 3-юми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Қайроққум барои 19 намояндаи хадамоти марзбонӣ, гумрук, фитосанитарӣ, санитариву эпидемиологӣ ва байторӣ оид ба мавзӯи идораи комплексии марзҳо семинар доир гардид.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз дафтари Барномаи рушди СММ иттилоъ доданд, барномаи семинар муаррифии истифодаи амалии идораи комплексии марзҳо ва ҳамчунин омӯзиши таҷрибаи амалӣ бо боздид аз посгоҳи назоратии «Гулистон»-ро дар бар гирифт. «Семинар дар чаҳорчӯбаи татбиқи барномаи мусоидат ба идораи марзҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо дастгирии намояндагони Маркази байнулмилалии рушди сиёсати муҳоҷират созмон дода шуда, машғулиятҳо аз ҷониби коршиносони Иттиҳоди Аврупо ва тренерони маҳаллӣ гузаронида шуданд», – гуфт манбаъ.




           

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни баргузории семинар намояндагони хадамоти мутааллиқ ба ҳифзи марзҳо аз посгоҳи назоратии «Гулистон» боздид намуда, тренерони байнулмилалӣ амалан оид ба тарзи истифодаи таҷҳизоти муайян кардани ҳақиқӣ будани шиносномаву ҳуҷҷатҳо, назорат ва санҷиши борҳои нақлиёт маълумоти муфассал дода, зарурати роҳандозии ҳамкории мутақобида миёни хадамотро таъкид сохтанд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...