Боз чор корманди ВКД баҳри иҷрои рисолати сулҳоварии СММ ба вилояти Дарфури Судон сафарбар шуданд

Date:



           

Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳафтаи равон гурӯҳи дуввуми иборат аз чор нафар кормандони ВКД ҶТ – подполковникҳои милиса Сӯҳроб Мирсаидов ва Лутфулло Абдуллоев, майорҳои милиса Бахтиёр Ҷонмаҳмадов ва Шоира Ортиқова баҳри иҷрои рисолати сулҳоварии СММ ба вилояти Дарфури Судон сафарбар шуданд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти қудратӣ иттилоъ доданд, зимни интихоби ҳомиёни сулҳ ба донистани забони англисӣ, моҳирона идора кардани воситаи нақлиёт ва тирпарронӣ мутобиқи меъёрҳои СММ таваҷҷӯҳи хос зоҳир гардид. «Қарордод бо ҳомиёни сулҳ ба муддати як сол баста шуда, сипас он метавонад боз ба муддати муайяне дароз карда шавад», – афзуд манбаъ.




           

Гурӯҳи аввали ҳомиёни сулҳ аз Тоҷикистон, ки он низ аз чаҳор нафар иборат буд, тирамоҳи соли гузашта ба Дарфур раҳсипор шуда буд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...