Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нишасти матбуотӣ вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор дошт, ки яке аз чораҳои муассири зиддибӯҳронии ҳукумат -тавсеъаи имконоти содиротии кишвар аст. «Бинобар таъсири бӯҳрони молӣ, талабот ба маҳсулоти асосии содиротии кишвр – алюминийи аввалия ва нахи пахта кам шуда, арзиши он низ коҳиш ёфт ва ҳукумат барномаи махсуси ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти содиротии дигарро қабул кард, ки дар он масалан, барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ имтиёзҳо пешбинӣ шудааст», – гуфт ӯ.
Вазир хотиррасон кард, ки соли равон баҳри дастгирии бахши кишоварзӣ ҳукумат ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок дар ҳаҷми умумии 180 млн. сомониро ба нақша гирифт, ки 131,5 млн. сомонии он аллакай аз ҷониби Вазорати молия ихтисос дода шудаанд.
«Ғайр аз ин, баҳри дастгирии корхонаҳои саноатии машғул ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ 15 млн. сомонӣ ҷудо карда шуд», – гуфт ӯ.
Ба қавли С .Наҷмиддинов, Тоҷикистон барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз имконоти хубе бархӯрдор аст ва барои афзудани шумори номгӯи чунин маҳсулот ва ҳаҷми содироти он мебояд истеҳсолотро таҷдид карда, корхонаҳоро бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин кард ва ҳамчунин ба рушди соҳибкории хурду миёна мусоидат намуд.
Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҶТ, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба андозаи
48 дарсад ё худ 379 млн. $камтар шудааст. Хаҷми воридоти молу маҳсулот ба ҷумҳурӣ дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ нисбат ба содирот се баробар ё худ ба миқдори 793 млн. $ бештар шудааст.


