Ба санаи 1-уми июли соли ҷорӣ ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ҳудуди 1,5 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод

Date:



           

Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ба санаи 1-уми июли соли ҷорӣ ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон 1 млрд. 473,28 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 25,4 дарсадро ташкил медиҳад.





           

Дар нишасти матбуотӣ вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор дошт, ки бо вуҷуди нисбат ба оғози сол афзудани ҳаҷми қарз ба таври номиналӣ ба маблағи 101,84 млн. $, дар таносуби фоизӣ ба ММД нисбат ба оғози сол он ба андозаи 1,3 дарсад коҳиш ёфтааст. «Маблағи мазкур асосан аз ҳисоби қарзҳои гирифта барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои энергетикаву сохтмон ва сохтмони роҳҳои мошингарду терминали фурудгоҳи пойтахт зиёд шуд», – гуфт ӯ.




           

Вазири молияи ҶТ зикр намуд, ки сохтору шартҳои пешниҳоди қарзҳо барои ҷумҳурӣ муфид аст, зеро фоизҳои гузошта ба қарзҳо ночиз буда, мӯҳлати пардохти онҳо аз 25 то 40 сол аст. «Дар ин давра баҳри пардохти қарзҳои хориҷии кишвар 21 млн. $ маблағ масраф гардид», – баён дошт вай.




           

С.Наҷмиддинов афзуд, Тоҷикистон аз ҳама бештар ба Чин қарздор буда, ҳаҷми он 549 млн. $ ё худ 38 дарсад аз ҳаҷми умумии қарзи хориҷии ҷумҳуриро ташкил медиҳад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...