Кормандони хадамоти гумруки Хатлон қочоқи тангаҳои кӯҳнаи аҳамияти таърихӣ доштаро пешгирӣ карданд

Date:




           

Қӯрғонтеппа. 20-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони хадамоти гумруки посгоҳи Панҷи Поёни вилояти Хатлон қочоқи тангаҳои кӯҳнаи аҳамияти таърихӣ доштаро, ки мутаалиқ ба асри 2-3-и то замони мо мебошанд, пешгирӣ карданд.

 








           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуоти Раёсати гумруки вилоят Олим Шарипов иттилоъ дод, дар посгоҳ шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Зокир Саид Маҳмад боздошт шудааст. «Номбурда ният дошт, 7 тангаро аз қаламрави Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол диҳад, ки чор танга аз шумораи умумии тангаҳо аҳамияти фарҳангӣ дошта, ба асрҳои 2-4 пеш аз мелод ва 3 мелодӣ мансуб буданд», – гуфт манбаъ.






           

Ба гуфтаи Шарипов, ҳамаи тангаҳо мусодира шуда, нисбат ба аъмоли шаҳрванди Афғонистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.



ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...