Дар бинои Кохи фарҳанги ноҳияи Ҳисор сӯхтор сар зад

Date:



           

Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пештар дар бинои Кохи фарҳанги ноҳияи Ҳисор сӯхтор сар зад, ки майдони 450 метри мураббаъро фаро гирифт.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти оташнишонии ВКД ҶТ иттилоъ доданд, бинобар андешидани чораҳои таъҷилӣ сӯхтор хомӯш гардида, вале коргардони кох Шамсиддин Нуриддинов бо 15 дарсади сӯхтагиҳои бадан ба беморхона мунтақил шудааст ва табибон вазъи саломатии ӯро қаноатбахш арзёбӣ мекунанд. «Айни замон бобати муайян кардани сабабҳои сар задани сӯхтор таҳқиқот гузаронида мешавад», – гуфт манбаъ.




           

Бино ба иттилои манбаъ, ҳаҷми зарари расида аз сӯхтор 30 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мегардад.




           

Мувофиқи маълумоти хадамоти оташнишонӣ, дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 718 ҳодисаи сӯхтор рух дода, бар асари он 50 нафар осеб дидаанд, ки аз ин миқдор 20 нафар ба ҳалокат расидааст. Маблағи хисороти расида аз сӯхтор дар ин давра муодили 2 млн. 287 ҳазор сомонӣ аст.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...