Дар арафаи соли нави хониш дар Тоҷикистон беш аз 50 муассисаи таълимӣ мавриди истифода қарор мегирад


Душанбе. 13-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар арафаи соли нави хониш пас аз сохтмон, тармиму таҷдид ва аз таъмири асосӣ баровардан дар Тоҷикистон беш аз 50 муассисаи таълимӣ мавриди истифода қарор мегирад.




Чӣ тавре ки дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» вазири морифи ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонов иттилоъ дод, қисмате аз ин муассисаҳо аз ҷониби раёсати сохтмони асосии вазорати маориф ва қисмати дигар аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузорӣ сохта ва ё аз таъмир бароварда мешаванд. «Шурӯъ аз оғози соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 43 млн. сомонӣ 21 мактаб ба истифода дода шуд», – гуфт ӯ.



Мувофиқи маълумоти Вазорати маорифи ҶТ, соли ҷорӣ баҳри сохтмони 43 иншоот барои муассисаҳои таълимӣ ҷудо гардидани 26 млн сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 26-тои онҳо то ахири соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.


spot_imgspot_img

Популярное