Мақомоти шаҳрдории Душанбе барои таҷдиди роҳҳои мошингарди пойтахт 28 млн. сомонӣ маблағ ҷудо кард

Душанбе. 13-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки таъмир ва таҷдиди роҳҳои мошингарди як қатор кӯчаву хиёбонҳои пойтахт бояд дар мӯҳлати муқарраршуда анҷом дода шуда, ба меъёри сифат ҷавобгӯ бошанд. Номбурда гуфт, мувофиқи реҷа, таъмиру тармими роҳҳои мошингарди кӯчаи Мичурин, Заводская ва […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 13-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки таъмир ва таҷдиди роҳҳои мошингарди як қатор кӯчаву хиёбонҳои пойтахт бояд дар мӯҳлати муқарраршуда анҷом дода шуда, ба меъёри сифат ҷавобгӯ бошанд.




Номбурда гуфт, мувофиқи реҷа, таъмиру тармими роҳҳои мошингарди кӯчаи Мичурин, Заводская ва Бофанда бояд то 15-уми август, кӯчаҳои Лоиқ Шералӣ, Мирзо Турсунзода ва хиёбони Неъмат Қаробоев то 1-уми сентябр ва кӯчаи Титов то 1-уми декабри соли ҷорӣ ба охир расанд. «Соли ҷорӣ баҳри таъмиру таҷдиди кӯчаву хиёбонҳои номбурда мақомоти шаҳрдории пойтахт беш аз 28 млн. сомонӣ маблағ ҷудо кард», – афзуд Ш.Саидов.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.