Дар арафаи соли нави хониш дар Тоҷикистон беш аз 50 муассисаи таълимӣ мавриди истифода қарор мегирад

Душанбе. 13-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар арафаи соли нави хониш пас аз сохтмон, тармиму таҷдид ва аз таъмири асосӣ баровардан дар Тоҷикистон беш аз 50 муассисаи таълимӣ мавриди истифода қарор мегирад. Чӣ тавре ки дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» вазири морифи ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонов иттилоъ дод, қисмате аз ин муассисаҳо аз ҷониби раёсати […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 13-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар арафаи соли нави хониш пас аз сохтмон, тармиму таҷдид ва аз таъмири асосӣ баровардан дар Тоҷикистон беш аз 50 муассисаи таълимӣ мавриди истифода қарор мегирад.




Чӣ тавре ки дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» вазири морифи ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонов иттилоъ дод, қисмате аз ин муассисаҳо аз ҷониби раёсати сохтмони асосии вазорати маориф ва қисмати дигар аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузорӣ сохта ва ё аз таъмир бароварда мешаванд. «Шурӯъ аз оғози соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 43 млн. сомонӣ 21 мактаб ба истифода дода шуд», – гуфт ӯ.



Мувофиқи маълумоти Вазорати маорифи ҶТ, соли ҷорӣ баҳри сохтмони 43 иншоот барои муассисаҳои таълимӣ ҷудо гардидани 26 млн сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 26-тои онҳо то ахири соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.