Душанбе. 13-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки таъмир ва таҷдиди роҳҳои мошингарди як қатор кӯчаву хиёбонҳои пойтахт бояд дар мӯҳлати муқарраршуда анҷом дода шуда, ба меъёри сифат ҷавобгӯ бошанд.
Номбурда гуфт, мувофиқи реҷа, таъмиру тармими роҳҳои мошингарди кӯчаи Мичурин, Заводская ва Бофанда бояд то 15-уми август, кӯчаҳои Лоиқ Шералӣ, Мирзо Турсунзода ва хиёбони Неъмат Қаробоев то 1-уми сентябр ва кӯчаи Титов то 1-уми декабри соли ҷорӣ ба охир расанд. «Соли ҷорӣ баҳри таъмиру таҷдиди кӯчаву хиёбонҳои номбурда мақомоти шаҳрдории пойтахт беш аз 28 млн. сомонӣ маблағ ҷудо кард», – афзуд Ш.Саидов.



