Дар соҳили обанбори Норак боқимондаҳои нишонаҳои зиндагии одамон дар давраи неолит бозёфт шуданд


Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ кормандони Академияи улуми ҶТ зиёда аз 250 кори илмӣ, 20 китоб ва монография, маҷмӯаҳои илмӣ ва беш аз 230 мақолаи илмӣ ба нашр расониданд.




Зимни нишасти хабарӣ ноиби президенти академия Мӯсо Диноршоев изҳор дошт, ки олимони тоҷик барои ихтирооти нави худ соҳиби 2 патент шуданд. Дар мавриди дастовардҳои Агентии амнияти ҳастаӣ ва радиатсионии АУ ҶТ, номбурда гуфт, олимони ин пажӯҳишгоҳ тарзи нави коркарди сарчашмаҳои дорои уранро таҳия сохтаанд.



М.Диноршоев ҳамчунин изҳор дошт, дар ин давра олимони Пажӯҳишгоҳи таъриху бостоншиносӣ дар соҳили обанбори Норак боқимондаҳои нишонаҳои зиндагии одамон дар давраи неолитро дарёфт намуданд.



Мавсуф зикр кард, ки тайи шаш моҳи соли ҷорӣ дар 7 шӯрои диссертатсионӣ 28 корҳо, аз ҷумла 5 кори докторӣ, 23 кори илмии номзадӣ дифоъ гардиданд, ки аз он 1 кори докторӣ ва 5 кори номзадӣ ба кормандони АУ ҶТ тааллуқ доранд.


spot_imgspot_img

Популярное