Гузаргоҳи «Қулма» дар марзи Тоҷикистону Чин тибқи реҷаи муқаррарӣ фаъолият дорад

            Хоруғ/Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯйдодҳои ахир дар вилояти Синтзян-Ӯйғури Чин ба фаъолияти гузаргоҳи назоратии «Қулма» дар марзи Тоҷикистону Чин бевосита таъсир накардааст.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали сардори раёсати хадамоти гумрук дар ВМКБ Ёрмаҳмад Фақиров иттилоъ дод, айни замон гуузаргоҳи «Қулма» тибқи реҷаи муқаррарӣ фаъолият дорад, вале ҳаҷми […]

Шонаврӯз Афзалшоев/Амрита Қарғизова



           

Хоруғ/Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯйдодҳои ахир дар вилояти Синтзян-Ӯйғури Чин ба фаъолияти гузаргоҳи назоратии «Қулма» дар марзи Тоҷикистону Чин бевосита таъсир накардааст.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали сардори раёсати хадамоти гумрук дар ВМКБ Ёрмаҳмад Фақиров иттилоъ дод, айни замон гуузаргоҳи «Қулма» тибқи реҷаи муқаррарӣ фаъолият дорад, вале ҳаҷми ҳамлу нақли молу маҳсулот коҳиш ёфтааст. «Агар ҳафтаи гузашта посгоҳро то 10-15 мошин убур мекард, ҳафтаи ахир шумори онҳо на зиёдтар аз 1-2 ададро ташкил медиҳад», – гуфт ӯ.




           

Номбурда афзуд, ҷиҳати тағйир додани реҷаи кори гузаргоҳ ҳеҷ амру фармоне нарасида, ҳамаи хадамот мувофиқи тартиби муайяншуда кор мекунанд.




           

Дар ҳамин ҳол, роҳбари шӯъбаи тарҷума ва робита бо ҷомеаву ВАО-и КВДҲ «Тоҷик Эйр» Назира Давлтова ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки парвози ҳавопаймоҳо ба шаҳри Урумчӣ мунтазам сурат гирифта, он тибқи реҷа, ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе анҷом дода мешавад.




           

Тибқи маълумоти департаменти иттилооти ВКХ ҶТ, оид ба муваққатан манъ кардани сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Чин ҳеҷ нота паҳн нашудааст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.