Соҳибкорони ВМКБ бо ҳамтоҳои қошғарии худ як қатор масоили муҳимро баррасӣ карданд

            Хоруғ. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Соли оянда дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ ярмарка-фурӯши таҷҳизот ва фанновариҳои Чин барои истеҳсолоти хурду миёна доир мегардад. Дар ин хусус зимни сафари соҳибкорони вилоят ва ҳайати расмии ВМКБ ба Чин барои иштирок дар Ярмаркаи V -уми байнулмилалии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ тавофуқ ҳосил шуд.             Чӣ тавре […]

Шонаврӯз Афзалшоев



           

Хоруғ. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Соли оянда дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ ярмарка-фурӯши таҷҳизот ва фанновариҳои Чин барои истеҳсолоти хурду миёна доир мегардад. Дар ин хусус зимни сафари соҳибкорони вилоят ва ҳайати расмии ВМКБ ба Чин барои иштирок дар Ярмаркаи


V


-уми байнулмилалии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ тавофуқ ҳосил шуд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари ҳайати расмӣ, муовини роҳбари дастгоҳи раиси ВМКБ Таваккал Рамазонов иттилоъ дод, ярмарка дар вилояти Қошғари Чин аз 28-уми июн то 2-юми июл баргузор шуда, дар он дар баробари тоҷирони 40 кишвари дунё ва ҳамаи вилоятҳои Чин беш аз 30 соҳибкори вилоят низ ширкат варзидаанд. «Ҳайати мо бо намояндагони сохторҳои давлативу тиҷоратии Чин дидору гуфтушунид намуда, таворфуқ ҳосил гардид, ки соли оянда дар ноҳияи Ишкошим ярмарка-фурӯши таҷҳизоти истеҳсоли масолеҳи сохтмон аз ашёи маҳаллӣ, маҳсулоти чорводорӣ ва коркарди сабзавоту мева баргузор гардад», – гуфт ӯ.




           

Номбурда ҳамчунин гуфт, зимни дидору гуфтушунидҳо масоили соддакунии тарзи тартиби убури марз, ташкил кардани алоқаи ҳавоии «Қошғар-Душанбе-Қошғар», тезонидани ҳалли масъалаи ифтитоҳи бозорҳои савдои наздисарҳадӣ низ баррасӣ шудаанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.