Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон семинари нахустини ҷомеаи шаҳрвандиро доир месозанд

            Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон семинари нахустини дурӯзаи ҷомеаи шаҳрвандиро доир месозанд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, корҳои омодагӣ ба семианр дар ҳамдастӣ бо ҳукумати ҶТ сурат гирфтанд. Дар семинар баррасии мавзӯи «Ҳуқуқ ба баррасии […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон семинари нахустини дурӯзаи ҷомеаи шаҳрвандиро доир месозанд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, корҳои омодагӣ ба семианр дар ҳамдастӣ бо ҳукумати ҶТ сурат гирфтанд. Дар семинар баррасии мавзӯи «Ҳуқуқ ба баррасии одилонаи додгоҳӣ ва мустақилияти ҳокимияти додгоҳӣ» дар маркази тавҷҷӯҳ қарор мегирад. «Семинари мазкур ба муколамаи расмӣ оид ба ҳуқуқи иносн миёни ИА ва Тоҷикистон, ки ҷаласаи аввали он моҳи октябри соли 2008 доир гардида буд, илова гардида ин маротиба ҷонибҳо аҳамияти муколамаи ошкор, созанда ва ба ноил гардидан ба натиҷа оид ба ҳуқуқи инсонро таъкид сохтанд», – гуфт манбаъ.




           

Бино ба иттилои манбаъ, дар кори семинар додрасон, олимон ва намояндагони ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ аз Тоҷикистон ва 12 кишвари узви Иттиҳоди Аврупо ва ҳамчунин намояндагони ҳукумати ҷумҳурӣ, Иттиҳоди Аврупо ва дигар созмонҳои байнулмилалӣ ширкат хоҳанд варзид.




           

Қобили зикр аст, ки Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ ба таҳкими робитаҳо миёни ИА ва шариконаш дар минтақаи Осиёи Марказӣ нигарнида шуда, дар чаҳорчӯбаи стратегияи мусоидат маблағи ҷудонамудаи ИА ба минтақа то 750 млн. Евро барои солҳои 2007-2013 афзуда шуда, Тоҷикистон қисмати қобили мулоҳиза аз ин маблағро (66 млн. Евро барои давраи солҳои 2007-2010) дастрас хоҳад кард. Шурӯъ аз соли 1992 Комиссияи Аврупо баҳри мусоидат ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ, 500 млн. Евро маблағ ҷудо кард.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.