Э.Раҳмон: Тоҷикистон ба густариши робитаҳо бо Британияи Кабир манфиатдор аст

Date:


Душанбе. 28-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Британияи Кабир дар Тоҷикистон Тревор Мур эътимоднома қабул намуд.




Дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Тревор Мур, ки баъди маросими супурдани эътимоднома сурат гирифт, масоили вобаста ба дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Британияи Кабир баррасӣ шуд.



Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳо бо давлатҳои Аврупоро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии давлат номида, аз ҷумла изҳор дошт: «Тоҷикистон ба густариши робитаҳо бо Британияи Кабир, ки аз кишварҳои пешрафтаи Аврупо ва ҷаҳон ба шумор меравад, манфиатдор аст».



Аз натиҷа ва дурнамои ҳамкории миёни сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки асосан дар чаҳорчӯби муборизаи байналмилалии зидди терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сурат мегирад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.



Мусоҳибон ҳамзамон таъкид бар он доштанд, ки сатҳ ва мазмуни робитаҳои ду кишвар ба имкону захираҳои мавҷуда мувофиқат намекунанд. Густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ дар соҳаҳои энергетика, азхуднамоии захираҳои табиӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва туризм зарур шумурда шуд.



Тревор Мур изҳор дошт, ки Британияи Кабир ва шахсан ӯ омодаанд баҳри ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла баҳри татбиқи амалии лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ва азхуднамоии захираҳои табиӣ саҳми намоён гузоранд.



Яке аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат баррасии авзои кунунии Афғонистон ва роҳҳои пешгирӣ аз таъсири манфии он ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон буд.



Сафири нави фавқулодда ва мухтори Британияи Кабир изҳор дошт, ки андешаю пешниҳодоти Тоҷикистон ва Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои давлатҳои мададрасон баҳри дарёфти роҳҳои самарабахши ҳаллу фасли мушкилоти Афғонистон басо муҳиманд.



Дар мулоқот ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ табодули назар карда шуд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...