Ҳаҷми хароҷоти иҷтимоии барои соли 2009 пешбинишуда дар буҷаи Тоҷикистон ба ҳеҷ ваҷҳ коҳиш дода намешавад, – изҳороти мутахассис

            Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Умеди Давлатзод дар сӯҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки сарфи назар аз таъсири шадиди бӯҳрони молӣ ба иқтисоди кишвар, ҳукумати ҷумҳурӣ ҳаҷми хароҷоти иҷтимоии барои соли 2009 пешбинишуда дар буҷаи Тоҷикистонро ба ҳеҷ ваҷҳ коҳиш намедиҳад ва ин […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Умеди Давлатзод дар сӯҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки сарфи назар аз таъсири шадиди бӯҳрони молӣ ба иқтисоди кишвар, ҳукумати ҷумҳурӣ ҳаҷми хароҷоти иҷтимоии барои соли 2009 пешбинишуда дар буҷаи Тоҷикистонро ба ҳеҷ ваҷҳ коҳиш намедиҳад ва ин қарори ҳукумат гувоҳи он аст, ки дастгирии бахши иҷтимоӣ айни замон ва минбаъд низ ҳамеша дар маркази тавҷҷӯҳи ҳукумат қарор хоҳад дошт.





           

У.Давлатзод мегӯяд, афзоиши ҳаҷми хароҷот ба бахши иҷтимоӣ танҳо дар сурате имконпазир аст, ки ҳаҷми даромади буҷа зиёд шавад ва дар шароити таъсири бӯҳрони молӣ ҳукумат баҳри дастгирии истеҳсолкунандаи ватанӣ ва таъмини шуғл дар бахши воқеии иқтисод бисёр имтиёзҳову сабукиҳо ҷорӣ сохт. «Аз ин рӯ, қисми даромади буҷа афзоиш нахоҳад ёфт, мутаносибан қисми хароҷот низ зиёд намешавад», – гуфт ӯ.




           

Мавсуф зикр намуд, ки дар сурати дастгириҳо тавассути ҷудо кардани бурсҳо ва воридшавии маблағҳои иловагӣ аз ҷониби созмонҳои байнулмилалии молиявӣ, он қабл аз ҳама, ба таври мақсаднок баҳри дастгирии бахши иҷтимоӣ равона хоҳад гардид. «Масоили дастгирии бахши иҷтимоӣ дар Стратегияи коҳиши сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2009-2012 ва Барномаи ҳукумат оид ба сармоягузориҳои давлатӣ дар давраи солҳои 2010-2012, ки айни замон дар ҳоли таҳия қарор доранд, дарҷ хоҳанд шуд», – афзуд муовини вазир.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.